Маълумоти охирин
Главная / M. A. (страница 242)

M. A.

Нафс

1

Нафс (ар. —ҷон), дар таърихи илм ва фалсафа мафҳумест ба­рои ифодаи ҳаёт ва фаъолияти психикии инсон ва ҳайвону наботот; дар дин, фалсафа ва психологияи идеалистӣ мабдаи ҳаётбахш ва олати маърифат дониста мешавад, ки гӯё новобаста ба тан ва пеш аз он вуҷуд доштааст ва бо хости худо бо ҷисм пайваста …

Муфассал »

Нафотот

1

Нафотот (ар. — обилавор шудан), ҷӯшишест дар дарун ва беруни пӯст монанди обилае, ки ҳангоми сӯхтан аз оташ ва оби ҷӯш ҳодис мегардад. Дар он бештар об ва гоҳо хуни суюқ ҳам ҷамъ ме­шавад.

Муфассал »

Нафосат

0

Нафосат (ар.  — нафисӣ, нозукӣ), як навъи зебоист; 1) дар табиат асосан дар зоҳири ашьёю ҳодисаҳо падид омада, аз мукаммаливу мутаносибӣ ва шинамиву хушҳа- ракатии онҳо дарак медиҳад. Нафосати асарҳои санъат ва ё маҳсули меҳнати инсонро бо ибораи «назокати яд­ро» ифода мекунанд. Шакли лола, гули хайрӣ, маҷнунбеди лаби об, сарв …

Муфассал »

«Нафоис-ул-фунун фӣ ароис-ил-уюн»

«Нафоис-ул-фунун фӣ ароис-ил-уюн»  (пирояи фанҳо дар арӯсҳои ҳақиқат), асари энциклопедии Шамсуддин Муҳаммад Маҳмуди Омулист, ки соли 1335 таълиф ёфтааст. Он ба забо­ин форсӣ-тоҷикӣ навишта шуда, дар  бораи 160 соҳаи илми асримиёнагӣ маълумот медиҳад. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки тамоми илму фанну саноеъи пешина ва замони худро тафсир намояд ва моҳияти ҳар илм …

Муфассал »

Нафисӣ Саид

0

Нафисӣ Саид (18.6.1896, Теҳрон – 14.11.1966, ҳамон ҷо), олим, нависанда ва ҳодими ҷамъиятии Эрон, Писари Алиакбари Нафисӣ, Нафисӣ таҳлили ибтидоиро дар мактабҳои “Шараф” ва “Илмия”-и Теҳрон, миёнаро дар Швейсария ва олиро дар Университети Сорбоннаи Франсия ба анҷом расондааст. Солҳои 1918-34 дар вазоратҳои гуногуни Эрон кор карда, баробари ин дар омӯзишгоҳҳои …

Муфассал »

Асари «Нафаҳот-ул-унс мин қударот-ил-қудс»

0

«Нафаҳот-ул-унс мин  қударот-ил-қудс» — асари илмини Абдурраҳмони  Ҷомӣ, ки солҳои 1475—76 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. « НАФАҲОТ-УЛ-УНС МИН ҚУДАРОТ-ИЛ-ҚУДС» шарҳи ҳол ва тавсифи осори сӯфиёнро дар бар мегирад ва аз ҷиҳати сохту таркиб ба «Тазкират-ул- авлиё»-и Фаридуддини Аттор шабоҳат дорад. Ҷомӣ дар бораи 609 намояндаи силсилаву тариқатҳои  гуногуни тасаввуф …

Муфассал »

Нафақа

0

Нафақа  (ар. —харҷи ҳаррӯза, хароҷот), дар СССР пулест, ки аз фондҳои ҷамъиятии истеъмолот ба гражданҳо дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва ғайра дода мешавад. Ҳуқуқи гирифтави Нафақро Конституцияи CGCP муқаррар кардааст (моддаи 43). Нафақа инчунин барои хизматҳои бардавом, маҳрум гаштан аз парастори оила, барои меҳнати пештара ва …

Муфассал »

Нафаскашӣ

0

Нафаскашӣ, нафасгирӣ, процесси мураккаби физиологии аз муҳити беруна оксигенро фуру бурдан ва гази карбонату обро хориҷ кардани ҳайвонот ва растаниҳоро гӯянд. Нафаскашӣ ба оксидшавии моддаҳои органикӣ (равғанҳо, ангиштобҳо ва сафедаҳо), ки дар натиҷаи он энергияи барои организм зарур чудо ме­шавад, асос ёфтааст. Нафаскашии ҳайвонот ва одам. Организмҳои якҳуҷайрагӣ ва бисьёрҳуҷайрагӣ …

Муфассал »

Республикаи Науру

0

Науру (Nauru), Республикаи Науру, давлат дар ҷазираи Науру дар қисми ҷанубу ғарбии уқёнуси Ором. Масоҳат тақрибан 22 км2. Аҳолиаш зиёда аз 8 ҳазор нафар (1980), ки зиёда аз нисфи он таҳҷои — науриҳо мебо­шанд, боқимонда — хитоиҳо, европоиҳо ва ғайра. Тақрибан 65% ахолӣ диндорон — протестантҳо. Забони расмӣ — науруӣ …

Муфассал »