Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нахи пахта

Нахи пахта

Нахи пахта, нахест, ки пунбадонаро пӯшондааст; ҳуҷайраи дарозрӯяи эпидермиси пӯст (дарозиаш 20—50 миллиметр), ки асосан аз целлюлоза иборат аст. Дар як пояи растанӣ 4— 15 хазор нах инкишоф меёбад. Шакли Нахи пахта тасмаи ҷилодори печони сафед ё дар баъзе навъҳо зардтоб, сабзтоб ва қаҳваранг аст. Нархи пахта 1/3 ҳиссаи массаи умумии пахтаи хомро ташкил медиҳад. Нахи пахта навъи хеле арзон ва паҳншудаи нахҳои та­биӣ буда, дар истеҳсолоти ҷаҳонӣ қариб 50%-ро ташкил медиҳад. Нахи пахта мустаҳкам, борик ва гигроскопист.

нахи пахтаХосиятҳои асосии технологии Нахи пахта инҳоянд: дарозӣ, борикӣ, маҳкамӣ, ёзандагӣ ва ғайра. Дар вақти баҳо додан ба сифати пахта асосан дарозии нах (миллиметр) аҳамият дорад. Дарозии нахи аксар навъҳои пахтаи советӣ 30—33 миллиметр, нахи пахтаи маҳиннахи советӣ 38—40 миллиметр аст. Дар натиҷаи корҳои селекционӣ дарозии нах аз 18—28 то 31—43 миллиметр расонида шуд.

Нахи пахтаро дар саноати матоъҳои- пахтагин ба 7 навъ тақсим меку­нанд. Навъи I, II ва Ш-ро аз навъҳои пахтаи маҳиннах мегиранд. Аз нахи ин навъдо матоъҳои махсуси тунук ва бадошти сатин, батист ва трикотажӣ тайёр мекунанд. Навъи IV, V, VI ва VII-po аз навъҳои пахтаи со- ветӣ мегиранд. Нахи пахта ашёи хоми асосии наботӣ барои саноати бофан­дагй мебошад. Ғайр аз ин, Нахи пахтаро ба пашм ҳамроҳ карда, барои тайёр намудани газворҳои тунуки пашмин истифода мебаранд. Нахи пахта инчунин барои тайёр кардани маҳсулоти гуногуни техникӣ (маснуоти электрӣ, автопокришкаи мошин, тасма, тӯр, матоъ барои парашют ва ғайра) ба кор бурда мешавад. Соли 1977 дар РОС Тоҷ, 266 ҳазор тонна Нахи пахта истеҳсол карда шуда буд. Нигаред низ Пахта.

Адабиёт: Растениеводство, Москва, 1971; Расте­ниеводство, Москва, 1975.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …