Маълумоти охирин

Нах

Нах дар растанӣ, унсури механикии бофтаи растанӣ, ки аз ҳуҷайраҳои деворағафс иборат аст. Қаи­шӣ ва мустаҳкамии растанӣ ба Нах вобаста буда, он такягоҳи бофтаҳои ғизо ва обгузар мебошад. Нах дар лиф ва пӯстлохи поя (нахи лиф) ё чӯб (лифи дарахт ё либриформ) инкишоф меёбад.

Нахи лифи баъзе растаниҳо (пахта, зағир, катон, канаф, рами ва ғайра) ашьёи бофандагй мебошанд. Аз пӯсти лифи зирфун дастмол, чипта ва ғайра тайёр мекунанд. Нахи дарахтро ҳам, баъди бо усулҳои мураккаби механикӣ ва химиявӣ кор кардан, дар истеҳсолоти бо­фандагӣ (шоҳии сунъӣ) истифода мебаранд. Нигаред низ Нахҳои табий, Нахи пахта, Растаниҳои нахдор.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …