Маълумоти охирин
Главная / 2018 / January (страница 32)

Архив Месяца: January 2018

МУТАНОСИБӢ

mutanosib

МУТАНОСИБӢ (аз арабӣ дорои таносуб, созу муносиб), соддатарин шакли вобастагии функсионалист. Мутаносибӣ роста ва чаппа мешавад. Агар нисбати ду бузургии тағйирёбанда бетағйир монад, яъне ҳангоми чанд карат каму зиёд шудани яке аз онхо нисбати дигар низ ҳамон қадар каму зиёд шавад, чунин бузургиҳоро Мутаносиби роста меноманд. Мутаносиби бузургиҳои х ва …

Муфассал »

МУТАНАББӢ Абуттайиб Аҳмад ибни Ҳусайни Ҷуъфӣ

person

МУТАНАББӢ Абуттайиб Аҳмад ибни Ҳусайни Ҷуъфӣ (905, Куфа— 965, Ироқ), шоири араб. Аз оилаи машкоб. Мутунаббӣ аз 12-солагӣ ба шеър-гӯӣ cap кардааст. Дар дарбори ҳокимони Сурия, Миср, Ироқ ва Ҳалаб ҳамчун шоири қасидасаро хидмат кардааст. Барои шеърҳои ҳаҷвиаш дучори кинаву қасос гардида, кушта шуд. Мероси адабии Мутанаббӣ аз мадҳ, марсия, …

Муфассал »

МУТАЛАВВИН

vokal

МУТАЛАВВИН (арабӣ— рангоранг), шеърест, ки ба ду вазн ё зиёда аз он хонда мешавад. Чандин ғазалҳои машҳури устодони бузурги назми классикии форс-тоҷик Саъдӣ, Ҳофиз, Сайидо ва дигар дар ду баҳр навишта шудаанд. Масалан, ин ғазали Саъдӣ (матлааш: Эй боди бомдодӣ, хуш меравӣ ба шодӣ,  Пайванди рӯҳ кардӣ, пайғоми дӯст додӣ) …

Муфассал »

МУТАДОРИК

sher

МУТАДОРИК (арабӣ-дарёфтан, дарак додан, пайвастан), номи яке аз бахрҳои аслии (солими) арӯз. Ин баҳрро барои он Мутадорик меноманд, ки рукнҳои ватад ва сабаби онро баъдтар ёфта, ба аркони дигар ҳамроҳ намуданд. Мутадорикро Абулҳасан Ахфаши Балхӣ (вафот 830/33) ихтироъ намуд. Мутадорик дар байни арӯзиёя бо номҳои ракзулхайр (суръатнок) ва савтунноқус (садои …

Муфассал »

МУТАГЕНЕЗ

mutagenez

МУТАГЕНЕЗ (аз лотинӣ mutatio — тағйирёбй ва …генез), просесси тағ-йирёбии ирсӣ — мутасияро гӯянд, ни аз таъсири шароитҳои табиӣ (худ аз худ) ё омилҳои гуногуни физикӣ ё химиявӣ мутагенҳо ба вуҷуд меояд. Асоси Мутагенезро тағйирёбии молекулаҳои кислотаҳои нуклеат, ки нигаҳдор ва ноқили ахбори ирсӣ мебошанд, ташкил медиҳанд. Ин тағйирёбӣ чун …

Муфассал »

МУТАВОТИР

tor

МУТАВОТИР (арабӣ— паи ҳам оянда; тордор, симдор), ифодаи созҳои мусиқии торӣ (ё худ зеҳӣ) дар рисолаҳои қадимии мусиқӣ. Аз рӯи таснифоти Ибни Сино ба созҳои Мутавотир барбат, танбӯр, шоҳруд, зуланқо ва ғайра дохил мегарданд. А. Низомов.

Муфассал »

МУТАВАЛЛӢ

mutavalli

МУТАВАЛЛӢ (арабӣ— сардор, тасарруф ва тақсимкунандаи вақф), васии мулк, даромад ва тақсимкунандаи вақф. Ба иҷора мондани заминҳои вақф, иҷрои корҳои хоҷагии он низ ба зиммаи Мутаваллӣ буд. Дар Мовароуннаҳр Мутаваллиҳо ба хоҷагиҳои калони феодалӣ ҳукмравоӣ менамуданд.

Муфассал »

МУСҲАФӢ Ғуломи Ҳамадонӣ

person

МУСҲАФӢ Ғуломи Ҳамадонӣ (тақрибан 1750, шаҳри Амроҳа —1824), шоири ҳинду. Ба забонҳои урду ва форсӣ менавишт. Ба ӯ 8 девони ашъорро нисбат додаанд. Ғазал, қасида ва маснавиҳояш дар мавзӯъҳои анъанавӣ эҷод шудаанд. Мусҳафӣ ҳамчун устоди шеър шӯҳрат дорад. Ғазалҳояш рангоранг, услуб ва забонаш содда. Мусҳафӣ муҳаққиқи таърихи адабиёт низ мебошад. …

Муфассал »

МУСҲАФ

koran

МУСҲАФ (арабӣ   — саҳифашуда, саҳифабандишуда), нусхаи қадимии дастнависи Қуръон. Аввалҳо нусхаи бо фармони халифа Усмон (651) таҳриршударо Мусфаҳ меномиданд. Минбаъд дар байни мусулмонон нус-хаҳои қадимаи Куръонро Мусҳаф меномидагӣ шуданд. Нигаред низ Қуръон.

Муфассал »

МУСХЕЛИШВИЛИ Николай Иванович

mushelishvili

МУСХЕЛИШВИЛИ Николай Иванович (16. 2. 1891, Тбилиси —15. 7. 1976, ҳамон ҷо), математик ва механики советӣ, академик (1939; аъзо-корреспондент 1933) ва аъзои Президиуми Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (аз 1957); академик (1941), президент (1941—72) ва президенти фахрии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Гурҷистон (1972-76), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1945). …

Муфассал »