Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САРМАҚОЛА

makola

САРМАҚОЛА, мақолаи публитсистии редаксионӣ (баъзан муаллифдор), ки шумораи навбатии нашрияи даврагӣ (газета, журнал) бо он оғоз меёбад. Дар матбуоти партиявии советӣ Сармашқ яке аз воситаҳои муҳими ташвиқи сиёсати Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятист. Сармақола дар нашрияҳои даврагии …

Муфассал »

САРМАШҚ

sher

САРМАШҚ (с а р х а т, ҳусни хат, муфрадот, маҷмӯи ҳарфҳои алоҳида, таркибҳои ҳарфии гуногун, калимаю ҷумлаҳои бо хати ҷалӣ навиштан намунавист, ки аз рӯи он шогирдон барои хушнависӣ машқ мекунанд. Сармашқ одатан ба шакли китобча чоп мешавад. Пеш аз Револютсияи Кабири Сотсиалистӣ Октябр чандин Сармашқи тоҷикӣ чоп шуда …

Муфассал »

САРМАТҲО

1533653687_pamyatnik-kobanskoy-kulturyi2ust

САРМАТҲО (аз лотинӣ 8агта1ае), номи муштараки қабилаҳои эронизабон, ки асри 3 то милод—асри 4 милод дар биёбонҳои аз дарёи Тобол дар Шарқ то дарёи Дунай дар Ғарб маскун буданд. Таърихи ибтидои Сарматҳо бо савроматҳо вобастааст. Хоҷагии Сарматҳо асосан аз чорводорӣ иборат буд. Сарматҳои бо аҳолии муқимии деҳқон ҳамроҳшуда бо зироат …

Муфассал »

САРМАРШАЛИ НАВЪИ ҚӮШУН

САРМАРШАЛИ НАВЪИ ҚӮШУН, унвони олии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Советӣ. Сармаршали артиллерия, авиатсия, қӯшунҳои танкии зиреҳпӯш, қӯшунҳои инженерӣ ва алоқа ҳаст, ки ба унвони Маршали Иттифоқи Советӣ баробар дониста мешавад. 9 октябр 1943 ҷорӣ шудааст. Унвони Сармаршали авиатсия дар Британияи Кабир низ ҳаст.

Муфассал »

Деҳаи САРМАНТОЙ

САРМАНТОЙ, деҳаест дар райони Панҷи вилояти Қӯрғонтеппа, маркази Совети қишлоқ Сармантой. Территорияи колхози ба номи Ф. Э. Дзержинский. Аз деҳа то маркази район 4 километр; роҳаш асфалтпӯпг. Аҳолиаш 1050 нафар. (1981), асосан тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, клуб, китобхона, шӯъбаи алоқа, боғчаи бачагон ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ пахтакорӣ ва …

Муфассал »