Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 69)

Теги: Шахсони машҳур

МАҶДИ ХОФӢ

nophoto

МАҶДИ ХОФӢ Мулло Маҷдуддин (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), насрнависи форс-тоҷик. Давраи зиндагии ӯ ба охири асри 13 ва нимаи аввали асри 14 рост меояд. Зодгоҳаш Хоф ном деҳаи Нишопур аст. Аз ин рӯ бо нисбан «Хофӣ» машҳур гаштааст. Мувофиқи маълумоти «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ ва асари ягонаи то …

Муфассал »

МАҲНУРИ ДАРВОЗӢ

nophoto

МАҲНУРИ ДАРВОЗӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1906), шоири тоҷик. Дар ноҳияи Вахиё (райони пештараи Тавилдара, ҳозира Комсомолобод) дар оилаи марди деҳқон ва шоир — Вола таваллуд ёфтааст. Таҳсили ибтидоиро дар назди падараш гузарондааст. Барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафтах мадрасаро хатм намуд ва ба хидмати дарбори амир Абдулаҳад ҷалб …

Муфассал »

МАҲҶУБА

nophoto

МАҲҶУБА (тахалл. номаш Суфуро; 1895, Бодгис —1967, Ҳирот), шоираи афғон. Аз оилаи муншӣ. Гузаштагонаш аз Хоразм будаанд. Дар назди падараш илмҳои фиқҳ, адабиёт ва сарфу наҳви арабиро омӯхта, аз 14-солагӣ ба шеъргӯӣ пардохтааст. Зиёда аз 30 сол дар лицеи Меҳрӣ муаллим ва мураббии духтарон будааст. Яке аз аъзоёни фаъоли анҷумани …

Муфассал »

МАҲҶУБ

nophoto

МАҲҶУБ Муҳаммад Аҳмад (таваллуд 17. 5. 1908, Аддуайм), нависанда, мунаққид ва ходими давлатии араб (Судон). Маълумоти олии ҳуқуқшиносиро дар Англия гирифтааст. Солҳои 1965—69 сарвазири Судон буд. Дар асари «Ҳаракати ғоявӣ дар Судон ба куҷо бояд равона шавад?» (1941) принципҳои асосии тараққиёти адабиёти нави миллиро баён карда, назарияи зиддиилмии «махсусияти шахсияти …

Муфассал »

МАҲРУМ Тиллокчанд

nophoto

МАҲРУМ Тиллокчанд (1. 7. 1887, Гуҷранвала, ноҳияи Мианвалии Панҷоб«—15. 1. 1966), шоири ҳинду. Ба урду менавишт. Асарҳои асосиаш «Каломи Маҳрум» (к. 1—3, 1915—16, 1931), «Рубоиёти Маҳрум» (1934), «Ганҷи маънӣ» (1957). Ашъори шоир аз афкори фалсафӣ саршор аст. Дар зҷодиёти Маҳрум лирикаи пейзажи мавқеи хос дорад. Дар рубоӣ ва қитъаҳои шоир …

Муфассал »

МАҲМУДХОНИ КОШӢ

nophoto

МАҲМУДХОНИ КОШӢ (1813, Теҳрон— 1894, ҳамон ҷо), хушнавис ва наққоши форс-тоҷик. Падараш Муҳаммад Ҳусайнҳои мутахаллис ба Андалеб, писари Фаталихони Сабо, шоҳи Қочор буд. Маҳмудхони Кошӣ илмҳои адабиёт, риёзиёт, ҳикмат ва таърихро аз худ карда буд. Ба­рои соҳиби фазлу камол гардидани ӯ амакаш Муҳаммад Қосимхон кӯмак расонд. Маҳмудхони Кошӣ дар дарбори …

Муфассал »

МАҲМУДОВА Муҳаббат Маҳмудовна

nophoto

МАҲМУДОВА Муҳаббат Маҳму­довна (тав; 1923, ш. Ленинобод), педагог, Аълочии маорифи халқ (1944), Муаллими Хизматнишондодаи Мактаби РСС Тоҷикистон (1964). Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1968). Аз оилаи косиб. Соли 1938 Омӯзишгоҳи педагогии ш. Душанберо хатм намуда, дар мактаби ибтидоии колхози «Коммунизм»-и р-ни Орҷоникидзеобод муаллима таъин шуд. Аз соли 1946 то ҳоло дар мактабҳои …

Муфассал »

МАҲМУДОВ Шароф

nophoto

МАҲМУДОВ Шароф (таваллуд 23. 2. 1931, ш. Конибодом), ходими давлатию партиявии советӣ, вазири адлияи РСС Тоҷикистон Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1953. Соли 1955 факултети  ҳуқуқшиносии УДТ-ро хатм кардааст. Солҳои 1955-58 аъзои суди вилояти Ленинобод, 1958-62 ҷонишини суди ш. Чкалови вилояти Ленинобод, 1962—71 аъзои Суди Олии РСС Тоҷикистон, …

Муфассал »

МАҲМУДОВ Валӣ

nophoto

МАҲМУДОВ Валӣ (тав. 1922, деҳаи Янгиқишлоқи ҳозира р-они Пролетар, вил, Ленинобод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ 1(1948). Аъзои КПСС аз соли 1958. Солҳои 1936—42 колхозчӣ, 1943— 55 сардори звено ва аз соли 1956 агрономонтомологи к-зи «Москва»-и Звенои М. 1947 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Муфассал »

МАҲМУДИ ҶАҒМИНӢ

nophoto

МАҲМУДИ ҶАҒМИНӢ ибни Муҳаммад ибни Умари Хоразмӣ (соли таваллуд номаълум — вафот тақррибан 1221), риёзидон, ҳайатшинос ва та­биби маъруф. Дар бораи тарҷимаи ҳоли М. Ҳоҷӣ Халифа дар «Китобу кашф-уз-зунун» (Китоб оид ба кушоиши гумонҳо») маълумот додааст. Маҳмуд дар Хоразм таваллуд ёфта, зиндагӣ ва эҷод кардааст. Маҳмуд дар Самарқанд ҳам зиндагӣ …

Муфассал »