Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 47)

Теги: Шахсони машҳур

Абдуллоҳи Муншӣ

abdullohi-munshi

Абдуллоҳи Муншӣ ибни Абдулқодир (1796, Малакка – 1854, Макка), нависандаи маорифпарвари Малая ва Индонезия, асосгузори насри бадеӣ ба забони малайӣ. Муншии дарбори ҳукмрони давраш буд. Абдуллоҳи Муншӣ нахустин адиби Малая аст, ки бо маданияти Ғарб шиносоӣ дошта, онро тарғиб кардааст. Ба қалами Абдуллоҳи Муншӣ асарҳои ёддоштию публитсистии «Ҳикоёти Абдуллоҳ» (1849), …

Муфассал »

Абдуллоҳи Маҳнаӣ

Абдуллоҳи Маҳнаӣ (с.оли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Пас аз касби камол ба доираи адабии шаҳри Ҳирот ворид гардид ва ҳамон ҷо ба кори эҷодӣ машғул буд. Аз завқу табъи баландаш дар шеъру шоирй тазкиранигорон Навой («Мацолис– ун-нафоис») ва Нисорӣ («Музаккир– ул-аҳбоб») дарак додаанд. Абдуллоҳи Маҳнаӣ дар …

Муфассал »

Абдуллоҳи Марворид

Абдуллоҳи Марворид Хоҷа Шиҳобуддин (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1516, Ҳирот), шоир, донишманд, муншӣ, мусиқидон ва оҳангсози форс- тоҷик. Бо тахаллусаш «Баёнӣ» шеър менавишт. Аз шогирдони Абдурраҳмони Ҷомӣ буд. Дар оилаи вазир ба дунё омада, пас аз касби камол пешаи авлоди худро идома дод. Дар дарбори Ҳусайн Бойқаро мӯҳрдор, вазир, …

Муфассал »

Абдуллоҳи Кулол

Абдуллоҳи Кулол (1815, Риштон -1900), кулол ва кошикори тоҷик. Дар Риштон ва Қӯқанд кор кардааст. Сарвари кулолгарони Фарғона буд. Солҳои 1967 – 1973 дар кошикории на­мои қароргоҳи Худоёрхон (ҳозираи Му­зейи кишваршиносии Қӯқанд) иштирок кардааст. Намунаҳои ҳунари Абдуллоҳи Кулол (зарфҳои кулолӣ) дар Музейи давлатии санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Музейи кишваршиносии Қӯқанд …

Муфассал »

Абдуллоҳи Котиб

Абдуллоҳи Котиб (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти тоҷик (асри 19). Дар Бухоро зистааст. Падараш бо номи Авазбадал Котиби Балхӣ машҳур буд. То замони мо аз Абдуллоҳи Котиб осори бисёри хаттотӣ расидааст. Ӯ «Воқеоти Ҳисомӣ»-и Ҳисомуддин Умари Бухороӣ (1820), «Шарқ-ул- фусул»-и Рукнуддини Шерозӣ (1821), «Чаҳор унсур»-и Бедил (1824), «Ан­вори Суҳайлӣ»-и …

Муфассал »

Абдуллоҳи Кобулӣ

Абдуллоҳи Кобулӣ Ибодуллоҳ, мутахаллис ба Гуноҳӣ (соли таваллудаш ва вафоташ номаълум), шоир ва муаррихи форсизабони Ҳиндустон (охири асри 16 – ибтидои асри 17). Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Абдуллоҳи Кобулӣ дар Ҳиндустон гузаштааст. Бо мақсади ошноӣ бо ҳаёти мардум,  омӯзиши маданияту фарҳанги онҳо ба манотиқи гуногуни Ҳиндустон, аз ҷумла Гуҷарот, Кашмир, …

Муфассал »

Абдуллоҳи 3анузӣ

Абдуллоҳи 3анузӣ Бирмуқлӣ (соли таваллудаш номаълум, Маранд-1841, Техҳрон), орифи машҳури аҳди коморияи Эрон. Дар зодгоҳаш сарфу наҳв ва илми маонӣ, фиқҳу усул ва мантиқу каломро омӯхта, барои таҳсил ба Исфаҳон рафт ва дар назди Муллоалии Нурӣ ба омӯзиши ҳикмати илоҳӣ пардохт. Ба шаҳрҳои Наҷаф, Карбало, Қум сафар карда, бо ҳакимону …

Муфассал »

Абдуллоҳи Бухороӣ

Абдуллоҳи Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), наққош ва мусаввири тоҷик (асри 16). Тибқи маълумоти таърихӣ Абдуллоҳи Бухороӣ дар дарбори хони шайбонӣ Абдулғозии Абдулазизхон (ҳукмрониаш 1540 – 1549) хидмат на­мудааст. Теъдоде аз минётураҳои Абдуллоҳи Бухороӣ низ ба ин хони шайбонӣ бахшида шудаанд. Пас аз вафоти Абдулғозӣ Абдуллоҳи Бухороӣ ва мусаввири …

Муфассал »

Абдуллоҳбеки Котиб

Абдуллоҳбеки Котиб (соли  таваллудаш номаълум – 1914, Бухоро), хаттот ва хушнависи тоҷик (асри 19). Аз мирбачаҳои Яккабоғ будааст. Амир Музаффар ҳангоми Яккабоғро зери тасарруфи худ гирифтан Абдуллоҳбеки Котиб ва бародари ӯ Абдураҳмонбекро ба Бухоро овард. Бародари Абдуллоҳбеки Котибро ба қатл расонид ва худи ӯро ҳабс кард. Ҳангоми даҳ соли дар …

Муфассал »

Абдуллоҳ ибни Тоҳир

Абдуллоҳ ибни Тоҳир (соли 798, Нишопур – 845, ҳамон ҷо), писа­ри Абутаййиб Тоҳир – сеюмин амири Тоҳириён. Абдуллоҳ пас аз марги бародараш Талҳа ба аморати Хуросон нишаст. Абдуллоҳ дар замони ҳаёти падараш шаҳнаи Бағдод буд. Вай мисли падараш дар  фурӯ нишондани нооромиҳои сарзаминҳо ва қиёмҳои мулуки араб[ нақши муассир гузошт. …

Муфассал »