Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 49)

Теги: Шахсони машҳур

Абдуллозода Разиюлло

Абдуллозода Разиюлло (13. 3. 1912, Истаравшан -19. 2. 1995, ҳамон ҷо), адиб, омӯзгори тоҷик. Тахаллуси адабиаш «Расмӣ». Техникуми иқтисодию саноатии Тошкандро соли 1930 ва Институти давлатии педагогии Душанберо соли 1941 хатм намудааст. Аз соли 1930 то охири умр дар Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент, Омӯзишгоҳи педагогии Истаравшан ва макта­би ба номи Горкийи …

Муфассал »

Абдуллозода Абдуқаҳҳор

Абдуллозода Абдуқаҳҳор (1893, деҳаи Кистакӯзи ноҳияи Хуҷанд – 1975,  ҳамон ҷо), омӯзгор, нахустин Муаллими хизматнишондодаи мактаби РСС Тоҷикистон  (1942). Соли 1914 дар зод­гоҳаш аввалин мактаби русӣ кушода шуд ва Абдуллоева дар он ҷо савод омӯхт. Соли 1921 курси кутоҳмуддати муаллимиро дар шаҳри Тошканд хатм намуда, яке аз тарғиботчиёни намоёни маърифат …

Муфассал »

Абдулоева Сипорат

abdulloeva-siporat

Абдулоева Сипорат (таваллудаш 1932, Панҷакент – 28. 1. 2007, ҳамон ҷо), тамокукор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1981). Колхозчии хоҷагии ба номи К. Маркси ноҳияи Панҷакент (1948 – 1963), коргари Иттиҳодияи истеҳсолии корхонаи коркарди тамокуи шаҳри Панҷакент (1963 – 1989). Аз соли 1990 нафақагир буд. Дар тамокукорӣ ба муваффақиятҳо ноил шудааст. Бо …

Муфассал »

Абдуллоева Сайрамбибӣ

Абдуллоева Сайрамбибӣ (1911, деҳаи Ҳисораки собиқ ноҳияи Ҳоити вилояти Ғарм -16. 5. 1929, ҳамон ҷо), яке аз аввалин муаллимаҳо аз вилояти Ғарм. Аз оилаи деҳқони камбағал. Баъди хатми курси муаллимии ноҳияи Ғарм (1928, ҳозира ноҳияи Рашт) дар зодгоҳаш муаллимаи синфҳои ибтидоӣ шуд. Ғайр аз муаллимӣ ҳамроҳи ҳамкасбонаш Гадоева Оламбибӣ ва …

Муфассал »

Абдуллоева Насиба

Абдуллоева Насиба (таваллудаш 15.11. 1961, Самарқанд), сароянда, Артисти халқии Ӯзбекистон (1993). Хатмкардаи Студияи мусиқии Самарқанд (1979) ва Институти давлатии маданияти Тошкент (1989). Эҷодиёташро аз иҷрои сурудҳои халқӣ шурӯъ карда, «Лазгии Хоразм», «Баригал», «Танавор»-ро ҳамчун дурдонаҳои эҷоди мардуми Шарқ ҷилвагар сохт. Ма­ҳорати бадеӣ, овози нозуки ширадор, интихоби матнҳои баландмазмун хоси ҳунари …

Муфассал »

Абдуллоева Гулсар

Абдуллоева Гулсара Сангиновна (таваллудаш 2. 2. 1948, ноҳияи, Шаҳринав), актрисаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999). Хатмкардаи Ин­ститути давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи Москва (1971). Аз соли 1971 актрисаи Театри давла­тии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов. Абдуллоева образоро содаву самимӣ ва бо маҳорати баланд меорад. Дар саҳнаи …

Муфассал »

Абдуллоева Бибизумрад

Абдуллоева Бибизумрад (1919, деҳаи Куркати ноҳияи Нов – ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1957). Колхозчӣ, сардори звено ва бригадаи колхози ба номи Телмани ноҳияи Колхозобод (1937 -1972). Аз соли 1973 нафақагири шахсӣ буд. Абдуллоева солҳои 1948 – 1950 аз ҳар га замин 35 …

Муфассал »

Абдуллоев Ҳасан

Абдуллоев Ҳасан (таваллудаш 21.9.1952, Душанбе), физики тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика (2000), профессор (2002). Соли 1974 УДТ-ро хатм карда, дар ҳамин ҷо ба сифати ходими илмӣ, ходими калон, ходими пешбари илмӣ, мудири лабораторияи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерхо кор кардааст. Солҳои 1988-2002 дотсент ва профессори кафедраи фи­зикаи ҷисмҳои сахт, муовини декани …

Муфассал »

Абдуллоев Ҳамидҷон

Абдуллоев Ҳамидҷон (20. 7. 1945, деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд), био­лог, доктори илмҳои биология (1990), профессор (1997), узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Хатмкардаи Институти давла­тии педагогии Ленинобод (1966). Ассистента кафедраи ботаникаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1966 – 1967), аспиранти Институти фи­зиология ва биофизикаи растаниҳои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти физикаи …

Муфассал »

Абдуллоев Ҳабибулло

Абдуллоев Ҳабибулло Одинаевич (таваллуд 19. 8. 1946, деҳаи Бустонаки тобеи шаҳри Ваҳдат), физики тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика (1992), профессор (1996), Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009). Соли 1968 УДТ- ро хатм карда, дар ҳамин ҷо ба сифати ассистент, муаллими калон, дотсент ва профессори кафедраи физикаи назариявӣ кор кардааст. …

Муфассал »