Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 35)

Теги: Шахсони машҳур

СИДДИҚБЕКОВ Туғалбой

  СИДДИҚБЕКОВ Туғалбой (таваллудаш 14. 05. 1912, август Кенсу, ҳозира райони Тюн), нависандаи советии қирғиз, Нависандаи Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Қирғизтстон (1968), академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Қирғизистон (1954). Асарҳояш аз соли 1928 ба табъ мерасанд. Шеърҳои Сиддиқ асосан дар васфи меҳнат гуфта шудаанд: маҷмаҳои «Мубориза» (1933), «Баҳодурон» (1936), …

Муфассал »

СИБОӢ Юсуф

СИБОӢ Юсуф (10. 06. 1917, Қоҳира—1978),нависандаи араб, ходими ҷамъиятӣ (Миср). Маълумоти олии ҳарбӣ дошт. Котиби генералии Ташкилоти якдилии халқҳои Осиё ва Африка ва Бюрои доимии Ассосиатсияи нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африка (аз соли 1958), сарвари иттиҳодияи нависандагони Миср ва вазири маданияти Республикаи Мисри Араб (аз соли 1973), сармуҳаррири журнали «Нилуфар» …

Муфассал »

СИБАВАЙҲ Абӯбишр Амир Ибни Усмон ибни Қанбар

СИБАВАЙҲ Абӯбишр Амир Ибни Усмон ибни Қанбар (750, деҳаи Байзон назди Шероз —793, ҳамон ҷо), забоншиноси араб, намояндаи мактаби грамматикии Басра. Сибавайҳ дар Басра аз забоншиносони машҳур Исои Сақофӣ ва Халил ибни Аҳмад илми забонро омухт. Сипас ба Бағдод рафт. Сибавайҳ грамматикаро бисёр хуб медонист ва ӯро «имоми наҳвиён» мегуфтанд. …

Муфассал »

СЕЧЕНОВ Иван Михайлович

СЕЧЕНОВ Иван Михайлович (13. 08. 1829, деҳаи Тёплый Стан, ҳозира деҳаи Сеченовои вилояти Горкий—15. 11. 1905, Москва), табиатшиноси материалисти рус, асосгузори мактаби физиология ва равияи илмии табиӣ дар психология, академик фахрии Академияи Фанҳои Петербург (1904; аъзо- корреспондент 1869). Омӯзишгоҳи саринженерии Петербург (1848) ва факултети тиббии Университети Москваро (1856) хатм кардааст. …

Муфассал »

СЕРПОКРЫЛОВ Павел Яковлевич

СЕРПОКРЫЛОВ Павел Яковлевич (тав. 29. 11. 1918, райони Елан, вилояти Волгоград), коркуни давлатии советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949). Аъзои КПСС аз соли 1943. Соли  1970 Институти хоҷагии қишлоқи  Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1930—1934 колхозчии колхози «Спартак», 1934—1939 коргар ва  тарозудори анбори ғаллаи Комбинати ордкашии №13-и райони Елан, 1939—1940 мудири анбори …

Муфассал »

СЕРОВ Валентин Александрович

%d1%85%d1%83%d0%b4%d0%be%d0%b6%d0%bd%d0%b8%d0%ba

СЕРОВ Валентин Александрович (19. 01. 1865, Петербург—05. 12. 1911, Москва), рассоми рус. Писари оҳангсоз А. Н. Серов. Назди И. Е. Репин (дар Париж ва Москва) ва дар Академияи Рассомии Петербург (1880—1885 аз П. П.Чистяков) санъати тасвириро омӯхтааст. Эҷодиёти давраи аввали Серов дар зери таъсири осори Репин ва Чистяков ташаккул ёфтааст. …

Муфассал »

СЕРЕБРЯКОВА Галина Иосифовна

СЕРЕБРЯКОВА  Галина Иосифовна (20. 12. 1905,  30. 06. 1980), нависандаи советии рус. Аъзои КПСС аз соли 1919. Иштирокчии Ҷанги Гражданӣ (1918—1920). Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1925). Асарҳояш аз соли 1925 чоп мешаванд. Дар асари сегонаи «Прометей» («Ҷавонии Маркс», китоби 1—2, 1933—1934; тарҷумаи тоҷикӣ 1969; «Рабудани оташ», 1961; тарҷумаи тоҷикӣ …

Муфассал »

СЕРЕБРОВ Александр Александрович

2013_11_12-07-01_004

СЕРЕБРОВ Александр Александрович (таваллудаш 15. 02. 1944, Москва), лётчик-кайҳоннаварди СССР, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (4982). Аъзои КПСС аз соли 1976. Соли 1967 Институти физикаю техникаи Москваро хатм намуд. Солҳои 1967— 1976 дар ҳамин институт бо кори илмӣ машғул буд. Аз соли 1976 дар бюрои конструкторӣ кор мекунад. Дар офариниш ва озмоиши …

Муфассал »

СЕРАФИМОВИЧ Александр Серафимович

alexander_serafimovich

СЕРАФИМОВИЧ (тахаллалус; фамилия Попов) Александр Серафимович (19. 01. 1863, станисаи Нижнекурмоярск, ҳозира райони Симляни вилояти Ростов—19. 01. 1949, Москва), нависандаи советии рус. Аъзои КПСС аз соли 1918. Солҳои 1883—1887 дар факултети физика ва математикаи университети Петербург хондааст. Ба муносибати сӯиқасди А. И. Улянов ва дигарон бар зидди подшоҳи рус (1887) …

Муфассал »

СЕНТ-ЭКЗЮПЕРИ

antuan

СЕНТ–ЭКЗЮПЕРИ (Saint – Exupery) Антуан де (29. 06. 1900, Лион —31.07. 1944), нависандаи франсавӣ. Ашрофзода. Дар мактаби саноеи нафиса дарс хонд (1919—1921); дар хизмати ҳарбӣ (1921—1923) буд; пас аз ин дар завод кор кардааст. Соли 1926 лётчики гражданӣ; ҳамон сол ҳикояи аввалинаш «Лётчик»-ро навишт. Сардори аэродром дар Африкаи Шимолӣ (1927—1929), …

Муфассал »