Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 33)

Теги: Шахсони машҳур

СИРОҶИДДИНОВ Бурҳон Ҳасанович

СИРОҶИДДИНОВ Бурҳон Ҳасанович (таваллудаш 24. 12. 1917, шаҳри Конибодом), ходими ҳарбӣ генерал-майор (1965). Аъзои КПСС аз соли 1944. Факултети физикаю математикаи Институти давлатии педагогии Фрунзеро хатм кардааст (1939). Аз соли 1939 дар сафҳои Армияи Советӣ. Мактаби полки Ростови Донро ба охир расонд (1940). Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Фронти Ғарбӣ …

Муфассал »

СИРИШК Муҳаммадризои Шафеи Кадканӣ

СИРИШК Муҳаммадризои Шафеи Кадканӣ (таваллудаш 1939, деҳаи Кадкарк остони Хуросон), шоир ва адабиëтшиноси эронӣ. Дар Машҳад таҳсил кардааст. Пас аз хатми таҳсил ба Теҳрон рафта, дар донишгоҳи Теҳрон ба тадрис машғул гардид. Ашъори Сиришк ҳам дар сабки классикӣ ва ҳам дар равияи шеъри озод эҷод шудаанд. Ӯ муаллифи панҷ маҷмӯаи …

Муфассал »

СИРАТ Абулфазл

СИРАТ Абулфазл (соли таваллудаш номаълум, Балх — вафоташ 1898, Бухоро), шоири тоҷик. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, барои давом додани таҳсил ба Бухоро омадааст. Пас аз хатми таҳсил ба таълиму тадрис пардохт. Ӯ аз илмҳои шеъру адаб, луғат, таърих ва ғайра вуқуфи комил дошт. Ашъори Сират аз ғазал, рубоӣ, фард, …

Муфассал »

СИПЕҲРӢ Суҳроб

СИПЕҲРӢ Суҳроб (1928, Кошон—1980, Теҳрон), шоири эронӣ. Донишкадаи ҳунарҳои нафисаро дар Теҳрон хатм кардааст. Ҳам наққош буд, ҳам шоир. Ба Европа ва Ҳиндустону Япония сафарҳо кардааст. Аз осори наққошиаш чандин намоиш дар Эрону кишаоҳои диар. барпо гардидааст. Дар асарҳои наққошиаш таъсири санъати тасвирии японҳо ва дар шеъраш таъсири фалсафаи буддоӣ …

Муфассал »

СИПЕҲРИИ ЗАВОРАӢ Мирзобек

СИПЕҲРИИ ЗАВОРАӢ  Мирзобек (соли таваллудаш номаълум, Завора — вафоташ 1571, Ҳиндустон), шоири форс-тоҷик. Аввал дар Исфаҳон мезист. Пас ба назди бародараш Хоҷа Аминуддин маъруф ба Хоҷаи Амини мулаққаб ба Хоҷаи Ҷаҳон — вазири Акбаршоҳ ба Ҳиндустон рафт ва он ҷо аз дунё даргузашт. Ба қавли тазкиранависон Сипеҳрти 3авораӣ дар анвои …

Муфассал »

СИПЕҲРИИ БУХОРОӢ

СИПЕҲРИИ БУХОРОӢ  (соли таваллуд ва вафоташ гомаълум), шоири форс-тоҷик (асри 10). Сипеҳри Бухороӣ аз муосирони Рӯдакӣ буд. Роҷеъ ба ҳаёти ӯ маълумоти аниқе нест. Муаллифи «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» ӯро аз ҳамсӯҳбатони Абулмуайяди Балхӣ ва Абӯмасали Бухороӣ медонад. Ашъораш аз қасидаву ғазал иборат будаас, ки дар мавзӯъҳои анъанавии ишқу тасвири манзараҳои табиат ва …

Муфассал »

СИПЕҲР Мирзо Муҳаммадтақихони Кошонӣ

СИПЕҲР  Мирзо Муҳаммадтақихони Кошонӣ (1793 ё 1801, Кошон —1879, Теҳрон), шоир ва муарррихи эронӣ. Сепеҳр аз ҷавонӣ ба шеъргӯӣ машғул шудааст. Ашъораш дар девоне гирд оварда шудаанд. Ӯ ду асари дигар бо номҳои «Вароҳин-ул-Аҷам» (доир ба арӯзу қифия) ва «Оинаи ҷаҳоннамо» таълиф кардааст. Соли 1842 Сипеҳр ба навиштани асари нӯҳҷилдаи …

Муфассал »

СИПЕҲР Мирзо Аббосқулихон

СИПЕҲР Мирзо Аббосқулихон, Сипеҳри Сонӣ (1851, Кошон—27. 01. 1924, Теҳрон), адабиётшинос ва муаррихи эронӣ. Писари Сипеҳр Муҳаммадтақихони Кошонӣ. Солҳои 1870—1896 муншии Вазорати корҳои хориҷӣ ва адлия буд. Дар аввали асри 20 Сипеҳр ҳизмати давлатиро тарк намуда, ба тадқиқи масоили адабӣ ва таърихӣ пардохт. Асари муҳимтарини Сипеҳр «Таърихи Қоҷория» аст, ки …

Муфассал »

СИПАНДӢ Мулло Абдулкарим

СИПАНДӢ  Мулло Абдулкарим (1829, Самарқанд —1908, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз оилаи ҳунарманд. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, таҳсили минбаъдаро дар Бухоро идома дод. Пас аз таҳсил ба Самарқанд баргашта, дар мадрасаи Улуғбек мударрис шуд. Аз Сипандӣ девони нопуррае (2056 байт) боқист. Дар баёзҳо зиёда аз 120 байт ашъори шоир …

Муфассал »

СИНКОВСКИЙ Леонид Павлович

СИНКОВСКИЙ  Леонид Павлович (28. 08. 1909, шаҳри Таганроги вилояти Ростов), олими соҳаи чорводорӣ, доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ (1962), профессор (1976). Аъзои КПСС аз соли 1940. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ(1942—1945). Институти чорводорӣ ва хӯрокии Таганрогро хатм кардааст (1932). Солҳои 1942 муаллим ва директори мактаби зоотехникии Карачаевск, 1946—1948 аспиранти Институти пусту мӯинаи …

Муфассал »