Маълумоти охирин
Главная / Теги: Фарҳанг (страница 15)

Теги: Фарҳанг

Ортопедия

Ортопедия

Ортопедия (аз юнонӣ orthos — рост ва pefdeia — тарбия), як соҳаи тиб аст, ки шинохтан, пешгирию муолиҷа намудани деформатсия (тағйири қисмҳои бадан нисбат ба мавқеи ҷойгиршавӣ) ва шикасти аппарати такягоҳию ҳаракати одамро меомӯзад. Баромадан ва шикастани устуҳон, каҷ шудани панҷаҳо сутунмӯҳра ва усулҳои муолиҷаи онҳоро бори аввал ҳаким Буқрот …

Муфассал »

Ортогенез

Ортогенез

Ортогенез (аз юн. orthos — рост ва …генеа), ортоэволюсия, фарзияи биологиест дар бораи роҳи муайяни таҳаввули мавҷудоти зинда. Бино ба ин фарзия инкишофи шаклҳои органикӣ пешакӣ муқаррар гардида, фақат ба роҳҳои муайян ҷараён мегирад (ба мисли афзоиши кристаллҳо дар сатхҳои қатъиян му­айян). Олимони немис Т. Энмер (1888) ва В. Хакке …

Муфассал »

Оромӣ

Оромӣ

Оромӣ, с у к у н, дар фалсафа ҳолатеро  гӯянд, ки акси ҳаракат аст. Материализми диалектикӣ баробари ҳаракатро хосияти куллии ашё донистан иқрор аст, ки дар табиат ба андозае ва ба ҷиҳате оромию сукунат низ ҷорист. Вале ҳаракат мутлақ, Оромӣ бошад нисбист, зеро вай танҳо дар ягон вақти муайян ва …

Муфассал »

Орогенез

Орогенез

Орогенез, орогенезис (юнонӣ oros — куд ва …аскез), кӯҳпайдошавӣ, ҳаракатҳои кӯҳпайдошавиест, ки дар ноҳияҳои геосинкли­налӣ аз таъсири массаҳои тазйиқовар ба амал меоянд. Истилоҳи «Орогенез»- ро соли 1890 геологи америкоӣ Г. Дил­берт ба илм ҷорӣ намуд. Аввалҳо чунин мешумориданд, ки аз Орогенез ҷинҳо ва кӯҳҳо пайдо мешаванд. Ба фикри олимони советӣ …

Муфассал »

Ороген

Ороген

Ороген (аз юнонӣ oros — кӯҳ ва …ген), марҳилаи дуюми инкишофи геосинклиналҳост (зонаҳои аз ҷиҳати тектоники серҳаракати қишри За­мин). Дар ин марҳила қишри Замин боло бардошта шуда, кӯҳҳо ба вуҷуд меоянд. Истилоҳи Орогенро соли 1921 геологи австриягӣ Л. Кобер ба илм дохил кардааст. Мувофиқи ақидаи ӯ Ороген дар байни массаҳои …

Муфассал »

Орнитология

Орнитология

Орнитология (аз юнонӣ ornis, огnithos—парранда ва … логия), як соҳаи зоология аст, ки эмбриология, морфология, физиология, экология, систематика ва тақсимоти географии паррандаҳоро меомӯзад. Нахустин асар оид ба Орнитология— «Таърихи ҳайвонот» ба қалами Арасту (асри 4 то милод) тааллуқ дорад. Ӯ дар асараш дар бораи 170 намуди парранда маълумот додааст. Асоси …

Муфассал »

Ординатураи клиникӣ

Ординатураи клиникӣ

Ординатураи клиникӣ, дар СССР шакли олии такмили ихтисоси духтурон дар мактабхои олии тиббӣ, институтҳои такмили ихтисос ва муассисаҳои тадқиқоти илмӣ. Соли 1946 таъсис ёфтааст. Ба Ординатура, чун қоида, духтурони то 35-сола, ки стажи ко­риашон аз 3 сол кам нест, аз рӯи конкурс қабул карда мешаванд. Таълим аз рӯи планҳои индивидуалӣ …

Муфассал »