Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Ординатураи клиникӣ

Ординатураи клиникӣ

Ординатураи клиникӣ, дар СССР шакли олии такмили ихтисоси духтурон дар мактабхои олии тиббӣ, институтҳои такмили ихтисос ва муассисаҳои тадқиқоти илмӣ. Соли 1946 таъсис ёфтааст. Ба Ординатура, чун қоида, духтурони то 35-сола, ки стажи ко­риашон аз 3 сол кам нест, аз рӯи конкурс қабул карда мешаванд.

Таълим аз рӯи планҳои индивидуалӣ мегузарад. Ординаторон корҳои табобатию профилактикиро дар ҳаҷми 50% меъёри кори духтурон иҷро ме­кунанд, онҳо стипендия мегиранд. Мӯҳлати таълим 2 сол. Ба тамомкунандаҳои Ординатура шаҳодатнома дода ме­шавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …