Оғомирак, нигаред Оқомираки Исфаҳонӣ.
Муфассал »Оши ҳалол
«Оши ҳалол», хӯрокеро гӯянд, ни сокинони деҳа ба подабон ба ивази хизматаш медоданд. Дар гузашта чорвои сокинони деҳаро подабопе ба чарогоҳ мебурд ва ӯ ҳар бегоҳ баъди ба соҳибаш супоридани чорво «оши ҳалол» гӯён фарёд мекард. Аҳли деҳа аз хӯроки шоми худ як косагӣ ба подабон медод. Баъзе оилаҳо агар …
Муфассал »Очоронӣ
Очоронӣ, усули консервонии маҳсулоти хӯрокворӣ буда, ба таъсири ҷавҳари сирко асос ёфта аст, ки дар консентрасияи муайян махсусан бо иштироки намак бисёр микроорганиамҳоро сусту бемадор менамояд. Азбаски консентрасияи ҷавҳари сиркоӣ (мувофиқи таом истифодашаванда инкишофи пӯпапак ва бактерияҳоро нигоҳ дошта наметавонад, ҳангоми Очоронӣ намак ҳамрод карда, пастеризасия мекунанд, дар ҳарорати паст …
Муфассал »Очор
Очор 1) туршиест, ки барои бо таом хӯрдан аз ангури пусида тайёр мекунанд; 2) сабзавот ё меваҷоти ба сирко ё намак хобондашуда (нигаред низ Очоронӣ)нонхуриш, туршии иштиҳокушо; 3) замини пасту баланд. замини .ноҳамвор.
Муфассал »Очерк
Очерк, яке аз навъҳои ҷинси эпикӣ буда, аз ҳикоя ва новелла бо надоштани конфликти яклухту пуршиддати тез ҳалшаванда ва хусусияти тавсифии худ фарқ мекунад. Дар Очерк ба мисли ҳикоя, повест, роман, драма нависанда чандон соҳибихтиёр набуда, асосан воқеаву шахсҳои воқеиро тасвир менамояд. Очерк аз лавҳаҳои гуногун, мулоқотҳо, гуфтугузорҳо, муносибати шахсҳо, …
Муфассал »Офтобӣ
Офтобӣ, офтобпарвард, офтобпарварда, мавиз ва дигар меваҳои дар офтоб хушконидаро гӯянд.
Муфассал »Офтоба
Офтоба, нигаред Обдаста.
Муфассал »Офталмо
Офталмо (аз юнонӣ ophtalmos — чашм), қисми калимаҳои мураккаб, ки ба чашм, бемориҳои чашм (маслан, офталмология) мансубанд.
Муфассал »Ото…
Ото… (аз юнонӣ otos — гӯш), қисми калимаҳои мураккаби мансуб ба гӯш ё бемориҳои гӯш, масалан, оториноларингология, отосклероз.
Муфассал »Отиатрия
Отиатрия (аз юнонӣ otos — гӯш ва iatreia — муолиҷа), як фасли отори-ноларингологияро гӯянд, ки бемориҳои гӯш ва муолиҷаи онҳоро меомӯзад.
Муфассал »