Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Ортопедия

Ортопедия

Ортопедия (аз юнонӣ orthos — рост ва pefdeia — тарбия), як соҳаи тиб аст, ки шинохтан, пешгирию муолиҷа намудани деформатсия (тағйири қисмҳои бадан нисбат ба мавқеи ҷойгиршавӣ) ва шикасти аппарати такягоҳию ҳаракати одамро меомӯзад. Баромадан ва шикастани устуҳон, каҷ шудани панҷаҳо сутунмӯҳра ва усулҳои муолиҷаи онҳоро бори аввал ҳаким Буқрот баён кардааст.

Минбаъд Селе, Ҷолинус, Ибни Сино ва дигар олимони асримиёнагӣ масъалаи ташхис ва муолиҷа кардани ба­ромадану шикастани устухонҳо, ампутасияи дасту пой ва протез карда­ни онҳо, усулҳои варзиши муолиҷавӣ ва ғайраро кор карда баромаданд. Дар асри 19 дар натиҷаи тараққӣ ёфтани антисептика, асептика, наркоз ва баъдтар рентгенография дар О.ртопедия усулҳои ҷарроҳӣ кардани ин бемориҳо (остеотомия, остеосинтез, артро­дез, артропластика, кӯчонда шинон­дани мушакҳо, пай ва ғайра)-ро ҷорӣ намуданд.

Ортопедҳои советӣ аввалин шуда дар ҷаҳон ҷарроҳии плас­тикӣ (бо роҳи ҷарроҳи кӯчондану шинондани қисми ягон узв) ва ҳангоми он истифода бурдани гомобофтаҳо (бофтаҳое, ки ба бофтан узв ё қисми ивазшавандаи он мувофиқанд), инчунин усули бо ултрасадо буридан ва пайваст (кафшер) кар­дани устухонҳо, эндопротезҳои металлии банди устухонҳои косу миён ва ғайраро ҷорӣ намуданд. Проблемаҳои Ортопедия дар СССР дар журнали «Ортопедия, травматология и протезирование» (аз соли 1927) нашр мешаванд.

Ҷамъияти умумииттифоқии травматологҳо ва ортопедҳо соли 1963 ташкил шуд. Асосгузори хизмати ортопедия дар Тоҷикистон профессор Б. Г. Локшина мебошад. Дар назди Институти давлатии тиббии Тоҷикистон кафедраи Ортопедия ва травматология таъсис ёфт. Ортопедҳои республика оид ба проблемаҳои актуалии Ортопедия ва травматология зиёда аз 300 асари илмӣ нашр намудаанд. Ҷамъияти республикавии ортопедҳо ва травматологҳо дар Тоҷикистон соли 1971 ташкил шуд.

Адабиёт: Трубников В. Ф., Ортопедия и травматология, Москва, 1971; Волков М. В.. Дедова В. Д., Детская ортопе­дия/-Москва, *1972.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …