Маълумоти охирин
Главная / Теги: Математик

Теги: Математик

САМАРСКИЙ Александр Андреевич

САМАРСКИЙ Александр Андреевич (тав. 19. 2. 1919, шаҳри Амвооспевка, ҳозира вилояти Донецк), математики советӣ, акад. АФ СССР (1976; аъзо- корр. 1966). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1979). Аъзои КПСС аз соли 1946. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Университети давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносовро хатм кардааст (1945), аз соли 1959 профессори …

Муфассал »

РИМАН Бернхард

РИМАН Бернхард (17. 9. 1826, Брезеленс, Саксонияи Поён — 20. 7. 1866, Селаска, назди Интра, Италия) математики немис. Соли 1846 ба Университети Гёттинген дохил шуд. Лексияҳои К. Гаусс- ро шунида, сонитар бисёр ғояҳои ӯро инкишоф дод. Дар Университети Берлин (солҳои 1847— 49) аз К. Якоби (доир ба механи- ка) ва …

Муфассал »

РИККАТИ Якопо Франческо

РИККАТИ Якопо Франческо (28. 5. 1676, Венесия —15. 4. 1754, Тревизо), математики италиявӣ. Дар шашри Падуе таҳсил кардааст. Аз соли 1747 дар Венесия умр ба сар бурдааст. Асарҳояш асосан ба ҳисоби интегралӣ ва назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ оиданд. Риккатӣ усули интегронии як навъи муодилаи дифференсиалии тартиби якумро ёфт, ки дар математика …

Муфассал »

ФУРЕ Жан Батист Жозеф

ФУРЕ (Ғоurier) Жан Батист Жозеф (21. 3. 1768, Осер—16. 5. 1830, Париж), математик ва физики франсавӣ, аъзои фахрии хориҷии Академияи Фанҳои Петербург (1829). Асарҳояш ба алгебра, муодилаҳои дифференсиалӣ ва физикаи математики оиданд. Асари машҳури у «Назари таҳлилии гармӣ» (1822) нуқтаи муҳиме барои ба вуҷуд овардани назариян қаторҳои тригонометри гардид.

Муфассал »

ФЕРМА Пер

ФЕРМА (Ғегmat) Пер (17. 9. 1601, Бомон-де Ломан —12. 1. 1665, Кастр), математики франсавӣ, яке аз асосгузорони геометрияи таҳлилӣ ва назарияи ададҳост (теоремаҳои ферма). Асарҳояш ба назарияи эҳтимолият, ҳисоби бузургиҳои бениҳоят хурд ва оптика (принсипи ферма) оиданд.

Муфассал »

ФАДЕЕВ Людвиг Дмитриевич

ФАДЕЕВ Людвиг Дмитриевич (таваллуд 23. 3. 1934, Ленинград), математик ва физики назариётчии советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1976). Аз соли1976 муовини директори Шӯъбаи ленинградии Институти математикаи Академияи Фанҳои СССР ба номи В. А. Стеклов. Асарҳои Фадеев ба математика ва физикаи назариявӣ оиданд. У ҳалли масъалаи се ҷисмро дар механикаи квантӣ …

Муфассал »

УСМОНОВ Зафар Ҷураевич

УСМОНОВ Зафар Ҷураевич (таваллуд 26. 8. 1937, шаҳри Сталинобод), математики советӣ, доктори илмҳои физика ва математика (1973). Академики Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1981; аъзо-коррспондент 1976). Аъзои КПСС аз соли 1975. Аз соли 1984 академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физикаю математика ва геологияю химияи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон. Корҳои илмии Усмонов асосан ба …

Муфассал »

ТОРРИЧЕЛЛИ Эванҷелиота

ТОРРИЧЕЛЛИ (Тоrriceli) Эванҷелиота (15. 10. 1606, Фаэнца —25. 10. 1647, Феоренция), математик ва физики италиявӣ. Шогирди Г. Галилей. Ихтироъкори барометри симобӣ, кашшофи вакуум (мухаллои Торричелли) ва мавҷудияти фишори атмосфера. Муаллифи формулаест (формулаи Торричелли), ки суръати аз зарф ҷорӣ шудани моеъи идеалиро муайян мекунад.

Муфассал »

ТИХОНОВ Андрей Николаевич

ТИХОНОВ Андрей Николаевич (таваллуд 30. 10. 1906, Гжатск, ҳозира шаҳри Гагарини вилояти Смоленск), математик ва геофизики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1966, аъзо-коррспондент 1999), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1953, 1986). Асарҳояш ба топология, таҳлили функсионали, назарияи муодилаҳои дифференциалӣ, геофизика ва ғайра оиданд. Лауреати Мукофотҳои давлатии СССР (1953, 1976), Мукофоти …

Муфассал »

ТЕЭТЕТ – Феэҷет

ТЕЭТЕТ, Феэҷет (тақрибан 414— 369 то мелод), математики Юнони Қадим. Таснифи иррационалӣ ва сохтани бисёрруяҳои мунтазамро (дар китобҳои 10-ум ва 13-уми «Усул»-и Уқлидус оварда шудаанд) ба Теэтет мансуб медонанд.

Муфассал »