Маълумоти охирин
Главная / Теги: гуногун (страница 27)

Теги: гуногун

«МИРЪОТ-УЛ-ОЛАМ»

mirot-ul-olam

«МИРЪОТ-УЛ-ОЛАМ» («Оинаи олам»), асари таърихии муаррихи дарбори Аврангзеб — Муҳам­мад Бахтовархон (вафот 1684). «Миръот-ул-олам» аз ҳафт боб иборат буда, ба таърихи умумии давлатҳо оид аст. Бобҳои 1—3 таърихи давраи тоисломӣ, Хилофати араб, давлатҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, Ғуриён, Салҷуқиён, Қарахониён ва Хоразмшоҳиён, боби 4 таърихи Темур ва Темуриёнро дар бар …

Муфассал »

МИРШАБ

МИРШАБ (аз ар. мир ва шаб), мансаби маъмурию ҳарбӣ дар шаҳру вилоят ва хониҳои Осиёи Миёна. Дар аморати Бухоро ва хонии Хева то ғалабаи Револютсияи Халқии Бухо­ро (1920) ходими полисхонаро Миршаб мегуфтанд. Дар хонии Хуқанд қурбошӣ, дар кишвари Туркистон Миршаб аз давраи ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Россия то ғалабаи …

Муфассал »

MИPCAНҶAPӢ

mirsanchl

MИPCAНҶAPӢ, марсанҷлӣ,навъи зардолуи миёнсолӣ. Селекцияи халқӣ. Асосан дар райнҳои ши­моли Тоҷикистон (Конибодом, Исфара, Ху­ҷанд, Пролетар, Нов, Панҷакент, Айнӣ ва ғ.), инчунин дар водии Фарғонан РСС Ӯзбекистон мерӯяд. Хелҳои Мирсанҷари сурх, кадумирсанҷарӣ, Мирсанҷарӣ 2138 ва ғ. маъмуланд. Аз ҳар бехи он 100—350 кг мева меғундоранд. Дарахташ баланд (8—11 м), сершох ва …

Муфассал »

МИРРИХ

mirrih

МИРРИХ (ар. ci-и), Баҳром,яке аз сайёраҳои системаи Офтоб. Аломати астрономиаш cf (Дар аса­ри «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ) Бино ба санъати танҷим мунаҷҷимони Шарқ онро ҳамчун барангезандаи ҷангу хунрезӣ ҳисоб мекарданд. Аз Офтоб дар масофаи андаряк 1,524 воҳиди аст­рономӣ (227,8 млн км) воқеъ аст. Ҳамвории мадори сайёра ба ҳамвории эклиптика ба андозаи …

Муфассал »

МИРОВОЙ ОКТЯБРЬ

chilikul

МИРОВОЙ ОКТЯБРЬ, деҳаест дар С.Қ. Ҷиликули pайони Ҷиликул, вилояти Қӯрғонтеппа. Терр. колхози «Пахтакор». Аз деҳа то маркази С. қ, ва район 6 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1200 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, магазин ва чойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва кирмакдорӣ. Заминҳо ба воситаи канал …

Муфассал »

МИРОБ

nophoto-man

МИРОБ мири об, шахси маъмур дар Осиёи Миёна, ки мутасаддии тақсими об буд. Ба тақсимоти обҳои каналҳову обанборҳо Мироби ка­лон (мироббошӣ), ҷӯйҳои хурд Мироби деҳа назорат мекард. Мансаби миробӣ меросӣ буд. Тирамоҳон ба фоидаи Мироб андози махсуси миробона ҷамъ оварда мешуд. Мироб аксар вақт аз мансаби худ суистеъмол наму­да, порахӯрӣ …

Муфассал »

МИРИШКОРОН

mirishkoron

МИРИШКОРОН, деҳаест дар С. Қ. Саричашмаи райони Москва, вилояти Кӯлоб. Терр. совхози ба номи Ф. Э.. Дзер­жинский. Аз Миршикорон то маркази С. Қ. 3 км, то район 88 км. Аҳолиаш 325 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактабҳои миёна ва ибтидоӣ, 2 китобхона, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Со­ҳаҳои хоҷагӣ — ғаллаю …

Муфассал »

МИРИШИКОРИ БОЛО

mirzoali

МИРИШИКОРИ БОЛО, деҳаест дар С. Қ. Сваи райони Хуҷанд, вилояти Ленин­обод. Терр. колхози «Роҳи Ленин». Аз деҳа то маркази С. Қ. 1 км, то район 16 км; нақлиёт автомобилӣ. Аҳоли­аш 1355 нафар (1981), ӯзбекҳо ва тоҷикон. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Сир обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

МИРИШИКАР

mirzorabot

МИРИШИКАР, Миршакар деҳаест дар С. Қ. Еваи райони Хуҷанд, вилояти Ленинобод. Терр. колхози «Роҳи Ленин». Аз Миршакар то маркази С. Қ. 1 км, то район ва стансияи роҳи оҳан Ленинобод 16 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1240 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби миёна, кинотеатр, ма­газин ва чойхона дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ: …

Муфассал »

МИРЗОЧӮЛ

mirzochul

МИРЗОЧӮЛ, дашти Мирзо, дашти ҳамворест дар Осиёи Миёна, дар терр. Вилоятҳои Сирдарьёи РСС Ӯзбекистон, Чимкенти РСС Қазоқистон ва pайони Зафарободи вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон. Масоҳаташ 10 ҳазор км2, баландиаш аз соҳили б. 230—385 м. Мирзочӯл дар Ш. то д. Сир, дар то ҳамвориҳои наздикӯҳии қаторкӯҳҳои Туркистону Нурато кашол ёфтааст; дар …

Муфассал »