Маълумоти охирин
Главная / Теги: гуногун (страница 29)

Теги: гуногун

МИНТАҚАИ СУБАНТАРКТИКӢ

subantark

МИНТАҚАИ СУБАНТАРКТИКӢ, минтақаи географие дар Нимкураи ҷанубӣ, байни минтақаҳои мӯътадил (дар Шим.) ва антарктикӣ (дар т{.). Тамоми минтақа уқёнусӣ буда, бай­ни 66—67° ва 58—60° а. ч- ҷойгир шудааст (ниг. ҳаритаи Минтақаҳо ва зонаҳои географии Замин, ч* 2-и ЭСТ, саҳ. 448-—449). Ба ин минтақа бадалшавии мавсимии массаи ҳаво (зимистон ҳавои антарктикӣ …

Муфассал »

МИНТАҚАИ СУБАЛПӢ

mintakai-subalpi

МИНТАҚАИ СУБАЛПӢ, минтақаи табиии баландӣ дар кӯҳҳои арзҳои мӯътадил ва субтропикӣ, ки набототу иқлимаш бештар субалпист. Поёнтар аз минтақаи алпӣ ва болотар аз минтақаи бешаи кӯҳӣ, дар ноҳияҳои намнок вa минтақаи дашти кӯҳӣ (дар ноҳияҳои хушк) воқеъ аст. Мавқеи Минтақаи субалпӣ ба арзи маҳал, самти нишебӣ ва дараҷаи континентии иқлим …

Муфассал »

МИНТАҚАИ МУҲОФИЗАТИ САНИТАРӢ

mintakai-muhofizat

МИНТАҚАИ МУҲОФИЗАТИ САНИТАРӢ, минтақаи байни муассисаҳои саноатӣ ва наздиктарин биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ. Ин минтақа бо мақсади аз таъсири омилҳои зарарноки истеҳсолӣ (гул-гула, чанг, партовҳои газӣ ва дигари моддаҳои зарарнок) ҳимоя намуда­ни аҳолӣ ҷудо карда мешавад. Дар СССР корхонаҳои саноатиро вобаста ба дараҷаи зарарнокии партовҳои саноатӣ, такомули процессҳои техно­логӣ ва мавҷудияти …

Муфассал »

МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛӢ

mintakai-geosinklinali

МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛӢ, минтақаи чиндори геосин-клиналӣ,минтақаичиндор,минтақаи васею тӯлонӣ ва аз ҷиҳати тектоникӣ серҳаракати қишри За¬мин. Минтақаи геосинкалиналӣ одатан дар байни платформаҳои континентии қадим ё бай¬ни платформаҳою буни (ложаи) Уқёнус ҷойгир шуда, баҳрҳои дохи¬лии канорӣ, силсилаи ҷазираҳо ва чуқуриҳои новамонанди қаъри уқёнусро дар бар мегирад. Тӯлаш ба даҳҳо ҳазор км ва бараш …

Муфассал »

МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ УҚЁНУСИ ОРОМ

mintakai-geo-orom

МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ УҚЁНУСИ ОРОМ, калонтарин минтақаи геосинклиналии Заминро гӯ­янд, ки атрофи уқёнуси Оромро ҳалқавор печонида гирифтааст. Ба ин минтақа соҳили материкҳо, баҳрҳои канорӣ, силсилаи ҷазираҳо ва новаҳои чуқури қаъри атрофи уқёнуси Ором дохил мешаванд. Тӯли ҳудуди беруни минтақа 56000 км, бараш аз якчанд сад то 3—5 ҳазор км. Он нооромтарин …

Муфассал »

МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ БАҲРИ МИЁНАЗАМИН

mintakai-geo

МИНТАҚАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ БАҲРИ МИЁНАЗАМИН, яке аз ка­лонтарин ноҳияҳои аз ҷиҳати текто­никӣ серҳаракати қишри Заминро гӯянд, ки платформаҳои Европаи Шарқӣ, Сибирь, Хитою Корея ва Хитой Ҷанубиро аз платформаҳои Африкаю Арабистон ва Ҳиндустон ҷу­до мекунад. Минтақа дар Ғарб аз гул. Гиб­ралтар ба воситаи материки Евросиё то галаҷазираи Индонезия тӯл кашида, дар Ш. …

Муфассал »

МИНТАҚАИ БЕТАРАФ

mintakai-betaraf

МИНТАҚАИ БЕТАРАФ, дар ҳуқуқи байналхалқӣ, маҳалли муайяни географиеро гӯянд, ки дар он ташкили амалиёти ҳарбӣ манъ буда, онро ба сифати саҳнаи амали­ёти ҳарбӣ низ истифода кардан мумкин нест. Одатан як қисми хушкӣ ё баҳри сарҳадиро Минтақаи бетараф эълон мекунанд. Он аз тарафи давлати ҷудогонаи манфиатдор ё дар асоси шартномаи байналхалқӣ …

Муфассал »

МАГМАТИЗМ

magmatizm

МАГМАТИЗМ, процессҳое, ки гудозиш ва вусъату ҳаракат, ҷойивазкунӣ, омезиш, таъсири мутақобила бо ҷинсҳои сахт ва шахшавии магмаро дар бар мегиранд. Магматизм яке аз муҳимтарин зуҳуроти активияти қаъри Замин буда, бо инкишоф, тағйироти ҳарорат ва эволюцияи тектоникии он бевосита алоқаманд аст. Баробари дигаргун шудани хусусияти ҳаракати тектоники хелҳои Магматизм ҳам тағйир …

Муфассал »

МАГМА

magma

МАГМА (юн. magma — хамира), моддаи гудохтаи таркибаш асосан силикатӣ, ки дар қаъри замин ҳосил мешавад. Таркибаш асосан аз оксиген, Si, Al, Fe, Ms, Са, Na ва К иборат. Баъзан Магма то якчанд фоиз компонентҳои бухоршаванда, асосан об, камтар оксидҳои карбон, гидрогенсулфид, гидроген, фтор, хлор ва ғ. дорад. Ҳарорати Магма …

Муфассал »

МАГАЗИН

magazin

МАГАЗИН (аз арабӣ с— хазина, анбор); 1) корхонаи асосии системаи савдои чакана. Магазин дорои зали савдо ва биноҳои иловагӣ (барои қабул ва омода намудани молҳо барои фурӯш) мебошад. Магазин махсус (пои, сабзавоту мева, шир, небел, китоб, пойафзол) ва номахсус (барои фурӯши молҳои гуногун) мешавад. Магазинҳои омехтаи озуқаворӣ ва молҳои саноатӣ …

Муфассал »