МАГНЕТРОН [аз юн. magnetis — магнит ва (элек) трон], ба маънои аввала ва васеаш — диоди цилиндрии дар майдони магнитии қад-қади тири он нигаронида шуда; дар техникаи электронӣ — асбоби электровакуумист, барои генериронии даштҳои фавқулбасомад (ФБ)-и импулсӣ ва бефосила; дар он таъсири мутақобили электронҳову ташкилдиҳандаи электрии майдони ФБ дар фазое …
Муфассал »МАВРИТАНИЯ
МАВРИТАНИЯ, Республикаи Исломии Мавритания (франс. Republigie Islamigie de Mauritania, ap. ), давлат дар Шимолу Ғарбии Африка. Дар Ғарб то соҳилҳои уқёнуси Атлантик, дар Шимол то сарҳадҳои Алҷазоир ва Саҳрои Кабири Мағриб, дар Шимол ва Ҷануб то сарҳадҳои Мали ва Сенегал паҳн шудааст. Масоҳати 1030,7 ҳазор км2. Аҳолиаш 1,59 млн нафар …
Муфассал »МАВРИКИЯ
МАВРИКИЯ (Mauritius), давлат дар ҷазираи Маврикий ва ҷазираҳои Родригес, Агалега ва галаҷазираи Каргадос — Карахос, дар қисми ғарбии уқёнуси Ҳинд. Масоҳатии 2045 км2 (аз он ҷумла ҷазираи Маврикий 1865 км2). Аҳолиаш 950 ҳазор нафар (1980). Пойтахташ Порт-Луи (аҳолиаш 150 ҳазор нафар, 1977). Аз ҷиҳати маъмурӣ терр. Маврикия ба 9 округ …
Муфассал »МАВЛУД
МАВЛУД (ар. — таваллудшуда. зоидашуда), яке аз идҳои мусулмонон. ки гӯё ба рӯзи таваллуди Муҳаммад рост меояд. Мавлуд районҳои солҳои 10—11 муқаррар шудааст. Мавлудро одатан рӯзи 12-уми моҳи рабеъулаввали солшумории ҳиҷрии қамарӣ мегузаронанд. Рӯҳониён рӯзи Мавлуд дар масҷидҳо бо тоату ибодат машғул мешаванд. З. Бобохонова.
Муфассал »МАВЛОНҶАР
МАВЛОНҶАР, деҳаест дар С. қ. Навободи райони Ҳисори РСС Тоҷикистон Терр. колохози «Ленинизм». Аз Мавлонҷар то маркази С. қ. км, то район ва стансияи роҳи оҳан Хонакоҳ 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 781 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола ва магазин дорад. Содаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз д. Хонакоҳ …
Муфассал »МАВЛАВӢ
МАВЛАВӢ (ар. — мансуб ба мавло, ки маънои соҳиб, молик ва сарварро дорад), лақаб ё номи дуюми уламо ва донишмандони бузург. Ҳанӯз аз давраҳои қадим ба тариқи ифтихор ё мадҳ ба номи аслии шахси бузурге, ки донандаи илмҳои замони худ ба шумор мерафт, илова мешуд. Ғайр аз ин дар мавқеи …
Муфассал »МАВЛАВИЯ
МАВЛАВИЯ силсилаи тасаввуф, ки асри 13 аз тарафи Ҷалолуддини Румӣ таъсис ёфта, дар Шарқи Миёна ва Наздик маълуму машҳур буд. Барои азуш Мавлавия рақсу самоъи пуршӯр, ки рамзи гардиши афлоку ҷирмҳои осмонист, хос аст. Пайравони Мавлавия дар атрофи шайх давр зада, ба истилоҳи халқӣ чахр кашида, ба саодати рӯҳонӣ наздик …
Муфассал »«МАВЛАВИЁТ»
«МАВЛАВИЁТ» 1) оҳанг, таронаи қадимии маросимӣ; 2) таронаи машҳури ахлоқӣ-тасаввуфӣ, ки асри 14 ва ибтидои асри 15 ба шарафи Абдурраҳмони Ҷомӣ бо унвони «Нақши Мавлавӣ» эҷод шуда, хислатҳои неки инсониро тавсиф мекардааст; 3) шӯъбаи созии мақомӣ (дастгоҳӣ) «Ҳумоюн» (Эрон), ки пеш аз шӯъбаи «Чаковак» иҷро мешавад. Мавиз чун таронаи алоҳида …
Муфассал »МАВИЗ
МАВИЗ, ангури хушкида, аз навъҳои ангури мавизбоб тайёр мекунанд. Мавиз якчанд хел мешавад: бедона — кишмиши сафеди дар офтоб бе истифодаи ишқору буш сулфур хушконида; сабза — кишмиши сафеди ба махлули ишкор (махлули 0,2—0,4-фоизаи содаи каустикӣ) тар карда дар офтоб хушконида; барои рангдор шудани Мавиз ангурро (дар ҷевон ё хонаи …
Муфассал »МАВЗӮЪ
МАВЗӮЪ (ар. вазъ кардашуда), объекти тасвири бадеӣ, доираи ҳодисаҳои ҳаёт, ки нависанда ё рассом дар асараш тасвир намудааст. Мавзӯъ бо мундариҷаи ғоявӣ алоқаи узвӣ дошта, масъалаи асосии асарро низ мефаҳмонад. Мавзӯъ берун аз образи бадеӣ ва сюжети асар вуҷуд надорад. Ҳар як асари бадеӣ ба ғайр аз мавзӯи асосӣ, инчунин …
Муфассал »