Маълумоти охирин

МАВЛАВИЯ

МАВЛАВИЯ силсилаи тасаввуф, ки асри 13 аз тарафи Ҷалолуддини Румӣ таъсис ёфта, дар Шарқи Миёна ва Наздик маълуму машҳур буд. Барои азуш Мавлавия рақсу самоъи пуршӯр, ки рамзи гардиши афлоку ҷирмҳои осмонист, хос аст. Пайравони Мавлавия дар атрофи шайх давр зада, ба истилоҳи халқӣ чахр кашида, ба саодати рӯҳонӣ наздик мешаванд. Аз ин рӯ бо номи «дарвешони тавофкунанда» («давргард») низ машҳуранд. Тавассути рақсу самоъ аҳли Мавлавия худро ба ваҷд расонда, инро воситаи қаробат бо худо медонанд. Силсилаи Мавлавия дар аҳди давлати Усмониҳо дар Туркия нуфузи зиёде пайдо карда буд ва то соли 1825 вуҷуд дошт.

Ад.: Ниг. Мақолаи Ҷалолуддини Румӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …