Маълумоти охирин

МАВЛАВӢ

mavlaviМАВЛАВӢ (ар. — мансуб ба мавло, ки маънои соҳиб, молик ва сарварро дорад), лақаб ё номи дуюми уламо ва донишмандони бузург. Ҳанӯз аз давраҳои қадим ба тариқи ифтихор ё мадҳ ба номи аслии шахси бузурге, ки донандаи илмҳои замони худ ба шумор мерафт, илова мешуд. Ғайр аз ин дар мавқеи эҳтиром нисбат ба шоиру носир ва умуман уламои барҷаста Мавлавия сифати хуби соҳиби номро ифода мекард. Мавлавия маънои мавлоно, соҳиб ва хоҷаро низ доро буд (мас., Мавлавӣ ё Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …