Маълумоти охирин
Главная / Теги: гуногун (страница 32)

Теги: гуногун

«МАБОҲИС-УЛ-МАШРИҚИЯ»

mabohis-ul-mashrikia

«МАБОҲИС-УЛ-МАШРИҚИЯ» (Баҳсҳо оид ба машриқият), аввалин асари машҳури Фахруддини Розӣ. Соли 1342 ҳ. дар Ҳайдаробод нашр шудааст. Асар, ки масъалаҳои илоҳиёт ва табииётро дар бар мегирад, аз 3 қисм иборат аст. Қисми аввал аз категорияҳои вуҷуд, имкон, моҳият, ваҳдат ва касрат баҳс мекунад. Дар қисми дуюми китоб, ки табииёт ном …

Муфассал »

МАБЛАҒГУЗОРӢ

mablagguzori

МАБЛАҒГУЗОРӢ, сарфи меҳнат, захираҳои моддию техникӣ ва воситаҳои пулӣ барои такрористеҳсоли фондҳои асосӣ (ниг. Фондҳои асосӣ). Маблағгузорӣ шарти муҳими татбиқи комёбиҳои прогрессӣ илмию техникӣ ва таъмини суръати баланди такрористеҳсолӣ васей социалистӣ мебошад. Маблағгузорӣ аз ҳисоби фонди андухти даромади миллӣ ва қисми маблағҷудокунии амортизационӣ (бештар аз 40%-и маблағи умумӣ) амалӣ гардонида …

Муфассал »

«МАБДАЪ ВА МАЪОД»

mabda-va-maod

«МАБДАЪ ВА МАЪОД» (Ч–оғоз, саршавӣ ва баргаштан), рисолаи фалсафии Ибни Сино, ки дар бораи масъалаҳои гуногуни ҷаҳонбинии асримиёнагӣ аз қабили ҳастӣ, сабабу натиҷа, назарияи судур, таносуби нафсу тан, таносух ва ғ. баҳс мекунад. Ибни Сино дар рисола аввал категорияҳои фалсафии воҷибулвуҷуд ва имконулвуҷудро шарҳу эзоҳ додааст, ки бисьёр нуқтаҳои таълимоти …

Муфассал »

МАБДАЪ

mabda

МАБДАЪ (ар. м- — асл, асос, qfos), чизе ки ашьё ё ҳодиса аз вай оғоз меёбад. Ҳамчун истилоҳи линию фалсафӣ. Мабдаъ ба маънии оғоз ва ҳаёти дунявӣ истифода мешавад. Мувофиқи таълимоти динӣ олам ва мавҷудоти онро худо халқ кардааст ва худо бо номҳои гуногун (Мабдаъи азалӣ, Мабдаъи аъло, Мабдаъи аввал, …

Муфассал »

М (ам)

m

М (ам), ҳарфи чордаҳуми алифбои ҳозираи тоҷикист, ки аз алифбои русӣ гирифта шуда (1940), овози ҳамсадои лабии димоғии сонориро ифода мекунад ва шакли навишти чопиаш Мм, дастиавнсаш Л м. мебошад. Дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ (то 1930) мим ном дошта ба шакли (ишора мешуд. Дар алифбои лотиниасоси тоҷикӣ (1930—40) шакли чопиаш …

Муфассал »

ЛӮҲРОСП

luhrosp

ЛӮҲРОСП яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, подшоҳ аз силсилаи Каёниён. Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ Лӯҳросп. Пас аз Кайхусрав ба тахт нишаста, 210 сол ҳукмронӣ кардааст. Подшоҳи одил ва халқпарвар буда, вазъи мамлакатро орому мӯътадил нигоҳ доштааст. Оташкадае бо номи Барзия бино кардааст. Ду писар дошт: Гуштосп ва Зарир. Пас аз супурдани …

Муфассал »

ЛУХТАК

luhtak

ЛУХТАК, 1) бозичае, ки аз чӯбчаҳо, латтапора, ресмонҳои рангин сохта, бо либосҳои махсуси занонаю мардона оро медиҳанд ва ба он номҳои шартии «зан», «шавҳар», «духтар», «писар», «арӯс», «домод» гузошта бозӣ мекунанд. 2) Иштирокчии намоишҳои театри лухтак (зочабозӣ), ки пеш аз революция ривоҷ ёфта буд. Лухтакро асосан аз чӯби бед сохта, …

Муфассал »

ЛӮНДАЗАБОНҲО

lundazabonho

ЛӮНДАЗАБОНҲО (Discoglossidae), оилаи обхокиҳои бедум. Лӯндазабонҳо бештар аз 8-то муҳра доранд. Қабурғаҳои кирминаи онҳо кӯтоҳ буда, дар Лӯндазабонҳои болиғ низ боқӣ мемонанд; дар доғи болояшон дандонҳо ҷойгир шудаанд; забонашон лӯнда (номашон ҳам аз ҳамин ҷост), пилкҳои чашмашон хеле хуб инкишоф ёфтаанд. 4 ҷинси Лӯндазабонҳо (Bombina, Dissoglossus, Alytes ва Barbourula), ки …

Муфассал »

ЛӮЛИҲО

luliho

ЛӮЛИҲО ҷӯгиён, халқияти Кучманчӣ. Дар бисьёр мамлакатҳои ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Дар СССР ба гурӯҳҳои европоӣ ва осиёимиёнагӣ тақсим шуда, шумораи умумиашон 209 ҳазор (1979), аз ҷумла дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 нафар Ватани аслиашон Ҳиндустон буда, заводҳои 5—7 онро тарк намуда, бо ду роҳ Ҳиндустон — Балуҷистон—Афғонистон— Эрон — Кавказ …

Муфассал »

ЛУЛИКУТАЛ

lulikatul

ЛУЛИКУТАЛ, деҳа дар С. Қ. Зарбдори район ва вилояти Кӯлоб. Терр. колхози ба номи А. А. Жданов. Аз Луликутал то маркази С. Қ. 1 км, то район ва стансияи роҳи оҳани қамбари «Кӯлоб» 3 км; роҳ асфальтпӯш. Аҳолиаш 935 нафар (1980), тоҷикон. Деҳа касалхона, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои …

Муфассал »