Маълумоти охирин
Главная / Теги: гиёҳ (страница 7)

Теги: гиёҳ

ШУРА

shura

ШУРА, шурак, шуралаф, шургиёҳ (Chenopodium), як ҷинси гиёҳҳои як ё дусола, баъзе нимбуттаву бутта ва дарахтест аз оилаи шураиҳо. Баргаш думчадор, гулаш майда, мевааш яктухма. Дар дуньё тақр. 250 намуди Ш. мерӯяд; аксари онҳо алафҳои бегона ҳисоб мешаванд. Дар Тоҷикистон 15 намуди Ш. (аз ҳамвориҳои доманакуҳ то ҳадди болоии минтақаи …

Муфассал »

ШУТУРПОӢ

shuturpoi

ШУТУРПОӢ, шутурпоӣ, сапали шутур, саъла, суъла, суъала, суолӣ, барги яхак, гули дуру (Tus-p silago farfara), гиёҳест худруй, ки баргаш ба кафи пои (сапали) шутур монандӣ дорад; аз рӯи таснифоти ботаника гиёҳи бисьёрсолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш рост, кутоҳ (17—25 см), бешоха. Онро баргҳои пулакчамонанди буртоби серпашмак пушидаанд. Дар нуги поя …

Муфассал »

ШУМГИЁҲИҲО

shumgiyohiho

ШУМГИЁҲИҲО (Orobanchaceae), оилаи гиёҳҳои яксола ё бисьёрсолаеро гуянд, ки дар решаи растаниҳои дигар паразитӣ мекунанд. Пояи бешох, баъзан шохчадор, барги пулакчамонанд (одатан бехлорофилл) доранд. Решаи онҳо дар ҷараёни таҳаввулот ба танобча (гаустория) табдил ёфтааст. Танобчаи Ш. аз бофтаи бехи растаниҳои дигар моддаҳои ғизоиро меҷаббад. Гули дуҷинсаи гуногунранг, ғузаи сертухм (тухми …

Муфассал »

ШОҲТУТИ ЗАМИНӢ

shahtuti-zamini

 ШОҲТУТИ ЗАМИНӢ, шаҳтути заминӣ, қулфнай, қулфунай (Fragaria ananassa), гиёҳи бисьёрсолаи зироатиест аз оилаи настараниҳо; як навъ меваест ба монанди марминҷон, тамашк ва шаҳтут. Навдаҳояш ба монанди адирик реша меронанд. Пояаш сершох (то 35 см қад мекашад). Баргаш мураккаб (аз 3 баргчаи гирда 6 байзашакли дандонадор иборат аст; дарозиаш 5—15 см, …

Муфассал »

ШОҲБЕЗАК

shohbezak

ШОҲБЕЗАК, белладона гиёҳи заҳрноки бисьёрсолаест аз оилаи авранҷиҳо. То 2 м қад мвкашад. Пояаш сершох, баргаш байзашакл (дарозиаш то 20 см, бараш то 12 см), гулаш зангулашакли сурх ё бури бунафштоб, (дарозиаш 2—3 см), мевааш сиёҳи  ҷилодор, сертухм, ба ангури сагак монанд аст. Ш.-и худруй дар Европаи Ғарбӣ, Крим, Кавказ …

Муфассал »

ШИЛХА

shilkha

ШИЛХА, шулха, шулух, шилҳа, судқӣ, туршак, туруша, турушадк, ҳуммоз, қав, қалдирмоҳ, сурхпой, сурхчуба (Rumex), як ҷинси гиёҳҳои яксола ва бисёрсолаест аз оилаи торониҳо. Пояаш рост, сахт, сабз, баъзан сурхтоб, камшоха (аз 6 ом то 2 м қад мекашад). Дар дуньё тақр. 200 намуди Ш. маълум аст. Дар Тоҷикистон 8 намуди …

Муфассал »

ШИБРАМ

sibram

ШИБРАМ, гиёҳест биёбонӣ, баландпоя, рост ва ширадор монанди най, ки дар тибби қадим барои муолиҷаи истиско (обхура), дуланд, мафосил ва ғ. ба кор мебурданд.

Муфассал »

ШИБОҒЧОЙ

shiboghchoy

ШИБОҒЧОЙ (Orostachys thyr-siflora), як навъ гиёҳест аз оилаи ушкуфаиҳо. Зоҳиран ба гиёҳи ушкуфа монанд аст. Пояи гулдораш 5—20 см қад мекашад. Баргаш сергушт, сегуша; дар бехи поя зич месабзад. Гулаш 5-баргаи сафед ё гулобист (дарозии гулбаргаш 5—6 мм). Тухмаш майда, байзашакл. Дар баландкуҳҳо, санглохи нишебии куҳҳо, шахсор, баъзан дар шағалу …

Муфассал »

ШИБОҒ

shibogh

ШИБОҒ, шивок,, явшон (Artemisia), ҷинси гиёҳҳом 1—2 ва бисёрсола ва нимбуттаест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш аксаран серпашмаки хокистарӣ буда, то 1,5 м қад мекашад. Баргаш чок-чок, баъзан яклухт, гулаш майда, бештар зард ё сурхтоби бунафш. Ш. беш аз 400 намуд аст. Асосан дар минтақаи иқлимаш муътадили Европа, Осиё, Америкаи Шимолӣ, …

Муфассал »