Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШУТУРПОӢ

ШУТУРПОӢ

shuturpoi

ШУТУРПОӢ, шутурпоӣ, сапали шутур, саъла, суъла, суъала, суолӣ, барги яхак, гули дуру (Tus-p silago farfara), гиёҳест худруй, ки баргаш ба кафи пои (сапали) шутур монандӣ дорад; аз рӯи таснифоти ботаника гиёҳи бисьёрсолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш рост, кутоҳ (17—25 см), бешоха. Онро баргҳои пулакчамонанди буртоби серпашмак пушидаанд. Дар нуги поя якто «сабадак»-и гул (бараш 1— 2,5 см) ҳосил мешавад. Дар канори сабадак гулҳои забончашакл (самаровар, яъне гулҳои модина) ва дар миёнааш гулҳои найчашакли дуҷинса ҷойгиранд. Гули Ш. зард, сершаҳду сергард аст; аввали баҳор (март — апр.) пеш аз баргбарорӣ мешукуфад. Дар вақти пажмурдану хушкидани пояҳои Ш. аз бехи поя баргҳои думчадарози калон (барашон 10—15 см) месабзанд. Руи барги Ш. сабз, бепашмак буда, пушташ серпашмаки сафедтоб аст. Ш. дар бисьёр ноҳияҳои СССР (Қисми европоӣ, Сибирь, Кавказ, Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон) нашъунамо меёбад. Одатан гуруҳ-гуруҳ дар лаби ҷую каналҳо, соҳили рудҳо, ҷойҳои сернам, инчунин чун алафи бегона дар боғу киштзор ва ғ. мерӯяд.

Абуалии Сино Ш.-ро барои табобати сулфа яке аз доруҳои беҳтарин медонист. Бино ба маълумоти у Ш. қувваи босираро меафзояд, думбал, пучак ва омосро «мепазонад».

Табибони халқӣ бо ҷушоби баргу гули Ш. иллати гурда, хафадон, зиққи нафас, сили шуш, қабзияти рудаву меъда, масона, бо шираи Ш.-и тару тоза (рӯзе 4—6 чумча) сил ва ширинчаро табобат мекарданд. Омехтаи баробарҳаҷми барги Ш. ва газнаро ҷушонда бо обаш cap (ҳангоми муйрезӣ ва серсабусакӣ) мешуянд. Барги тару тозаи Ш. («барги яхак»)- ро ба чашми дардманд, пучаку дунбал ва омос мебанданд.

Ҳоло барги Ш. дар доруномаи 15 мамлакати дуньё (аз ҷумла СССР) асосан чун доруи балғамовар зикр шудааст. Бештар барг — Folia Farfa-гае ва ба миқдори кам гули Ш.—Flores Farfarae-po меғундоранд; барг бояд доғҳои буртоб (касалии занбуруғи «занга») надошта бошад.

Дар фитотерапия (табобати наботӣ) нақеъи барги Ш.-ро барои муолиҷаи бемории узвҳои нафас, илтиҳоби шуш, зиққи нафас, газаки меъдаву руда ва ғ. тавсия медиҳанд.

Дар амали тибби илмӣ барги холис ё омехтаи онро бо гиёҳҳои дигар (анисун, бусир ё думи говак, гули хайрӣ, сус, савсан) асосан чун доруи балғамовар, инчунин арақрон истифода мебаранд.

Барги Ш. 5—10% луоб, 5% каротиноидҳо, 2,6% гликозидҳо, сапонинҳо, моддаҳои даббоғӣ, полисахаридҳо (декстерин, инулин), 0,5% моддаи талхи туссилагин, 5 мг% витамини С, пайвастҳои кумаринӣ, кислотаҳои органики ва ғ. дорад. Дар гулаш фарадиол, арнидиол, стигмастерин, фитостерин, тараксантин, рутин ва    н-гептокозан ном моддаҳо дарёфт кардаанд.

Ад.: Землинскнй С. Е., Лекарственные растения СССР. М., 1958; Йорданов Д. [ва диг.], Фитотерапия, София, 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М. 1974; Гамерман А. Ф„ Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М.. 1976.

М.Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …