Маълумоти охирин
Главная / Теги: гиёҳ (страница 5)

Теги: гиёҳ

СУЗОКГИЁҲ

suzokgiyoh

СУЗОКГИЁҲ (Рhlomis), ҷинси гиёҳҳои бисёрсола ва нимбуттаест аз оилаи лабгулҳо. Пояаш рост, сершох, баргаш байзашакл ё секунҷаи одатан бедандона, гулаш калон, дулаба, зард ё гулобн, мевааш «чормағзак»-и сеқирра. Дар минтақаҳои иқлимашон мӯътадили Еврона, Осиё ва Африка бештар аз 1100 ва дар СССР (Қисми европоӣ, Кавказ, Сибир, Шарқи Дур) қариб 50 …

Муфассал »

РАПС

raps

РАПС (Brassica napus var. napus), гиёҳи яксолаи тирамоҳӣ ё баҳориест аз оилаи чилликгулҳо. Пояаш pocт, 50 — 160 см қад мекашад. Баргаш бар­бадшакл ё дарозрӯй  нештаршакл, гулаш майдаи зард, баъзан сафед, ғилофакмевааш дарози бо­рик(5-11см) тухмаш сиёҳ  ва сурхтоб( вазни 1000-тоаш  3 —6 г), серравған (40—50%). Рапс худрӯй нест. Онро 4 …

Муфассал »

РАНДАК

randak

РАНДАК, риндик, риндак, девгандум (Agrostemma gilliago), гиёҳи яксолаи заҳрнокест аз оилаи мехакиҳо. Бештар дар гандумзори водии Ҳисор ва районҳои шимоли Тоҷикистон мерӯяд. Орде, кӣ аз тухми Рандак ифлос шудааст, барои одам хавфнок аст. Ниг. низ Девган­дум.  

Муфассал »

РАНГ

ghesha

РАНГ, ғеша (Саreх pachyslilis), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи тешаҳо. Пояаш сеқирра, 10—30 см қад мекашад. Баргаш борик (дарозиаш 5— 10 см, дар ҷойҳои сернам то 30—40 см, бараш 2—4 мм), хӯшагулаш саракмонанди бӯр I (аз 4—7 хӯшача иборатаст), донаш мудаввар (дарози­аш 2—3 мм), сиёҳтоб. Ранг хе­ле серҳосил (дар 1 м2 …

Муфассал »

РАМӢ

rami

РАМӢ, гиёҳест аз ҷинси бёмерия (Beehmeria), ки ба оилаи газнаҳо тааллуқ дорад. Одатан б ё м е р ия и с а и-с а ф е д ё газнаи чина — В. nivea ва Pамии сабз — В. viridis б В. Utilis-po Рамӣ меноманд. Рамӣ гиёҳи бисёрсолаест, ки пояи рост, …

Муфассал »

РАЙҲОНӢ

rayhon

РАЙҲОНӢ, 1) гиёҳи хушбӯи бӯиданӣ ва хӯрданист. Ниг. Райҳон. 2) Шаробест хушбӯю сабзранг.

Муфассал »

РАЙҲОН

rayhon

РАЙҲОН, реҳон, испарғам, исферам, н и ё з б ӯ й, н о з б ӯ, шоҳисфарғам, шодиспарғам, ҷомиспарам (Ocinum basilicum), гиёди яксолаи хушбӯест аз оилаи лабгулҳо. Пояаш чорқирраи сершоха, 20—80 см қад мекашад. Баргаш думчадори байзашакл, хӯшагулаш аз шукуфаҳои майдаи гулобӣ, баъзан сафед ё бунафш таркиб ёфта, дар нӯги …

Муфассал »

ПУҒАНАК

pughanak

ПУҒАНАК,  б ӯ п а л а к, п у п а- нағ (Achillea millefolium), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Баландиаш 20—70 см, сермӯяк, баргаш думчадор, гулаш сафед, тухмаш (дарозиаш 1,8—2 мм) дарозрӯяи хоктстарранг. Дар лаби ҷӯй, дарё, бор ва ғайра мерӯяд. Гиёҳи доруворист. Ниг. Низ Буймодарон. С. Ю. Юнусов.

Муфассал »

ПУДИНА

pudina

ПУДИНА, п у д и н а, пуданаҷ, фуднна, ҳулбӯ, ҳулба (Men­tha), ҷинси гиёҳҳои бисёрсола ва баъзан яксолаест аз оилаи лабгулҳо. Хӯшагули саракмонанди онҳо одатан дар нӯги появу шохаҳои паҳлӯӣ ҷойгир аст. Гулаш майда, як ё дуҷинса, қифшакл. Дар СССР 20 намуди Пудина месабзад. Дар байни мардум махсусан Пудинаи лалмӣ …

Муфассал »