Маълумоти охирин
Главная / Теги: асар (страница 5)

Теги: асар

«ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ»

«ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ» асари таърихии муаррихи асри 19-и тоҷик Муллоивод Муҳаммад ибни Рӯзимуҳаммади Аттор, ки ба таърихи шаҳри Фарғона ва хонии Хӯқанд оид аст. Асар ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. «Тӯҳфат-ут-таворихи хонӣ» аз воқеаҳои солҳои ҳукмронии Заҳируддини Бобур оғоз ёфта, бо воқеаҳои соли 1866 анҷом мегирад. Муаллиф дар навиштани он аз …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УС-САОДАТ»

«ТӮҲФАТ-УС-САОДАТ» фарҳанги тафсирии форси-тоҷикист, ки Маҳмуд ибни Шайх Зиёуддин Муҳаммад соли 1511 таълиф кардааст. Дар муқаддима ба султон Сикандари Лудӣ (ҳукмронӣ 1489—1517) қасидае бахшида шудааст. Аз ин рӯ, баъзан бо номи «Тӯҳфат-ус-саодат»-и Сикандарӣ низ ёд шудааст. Муаллиф дар таълифи асар аз 11 фарҳанги тафсирии форсӣ-тоҷикӣ ва 5 фарҳанги арабӣ истифода …

Муфассал »

«ТУҲФАТ-УС-СУРӮР» – «Рисолаи мусиқӣ»

«ТУҲФАТ-УС-СУРӮР» «Рисолаи мусиқӣ», асари мусиқиест, ки Дарвешалии Чангӣ таълиф кардааст: аз 12 боб ва хотима иборат аст. Бобҳои 1-уму 2-юм шарҳи луғавии мусиқӣ, мавқеи он дар ҳаёти ҷамъияти ва хизмати мусиқидонони машҳурро дар ин соҳа дар бар гирифтааст. Боби 3-юм дар бораи мақомҳо ва таърихи он, шӯъбаҳо маълумот дода, аз …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УЛ-ҲАБИБ»

«ТӮҲФАТ-УЛ-ҲАБИБ» яке аз калонтарин ва қадимтарин радоифулашъорҳост, ки Фахрии Ҳиравӣ соли 1522 таълиф кардааст. Аз маҷмӯи ғазалҳои истиқболӣ фароҳам омадааст, ки шоирони асрҳои 15— 16 ба ғазалҳои шуарои мутааххирин ва муосирини худ гуфтаанд. Ғазалиёт ба тартиби алифоои арабӣ аз рӯи радифашон ҷой дода шудаанд. «Тӯҳфат-ул-ҳабиб» сарчашмаи муҳим доир ба адабиёти …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УЛ-МУЪМИНИН»

«ТӮҲФАТ-УЛ-МУЪМИНИН»маҷмӯаест доир ба тибби қадим, ки Мирмуҳаммад Мӯъмини Танкобунӣ таълиф карда, аз панҷ қисм иборат аст. Қисми аввал дар бораи сабабҳои ихтилофи қавли табибон дар моҳият, табиат, дараҷот ва қувваи давоҳои муфрада баҳс мекунад. Қисми 2-юм ба баёни сифати давоҳои муфрада оид аст. Дар қисми 3- юм зиёда аз 2700 …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УЛ-МАЪСУМИН»

«ТӮҲФАТ-УЛ-МАЪСУМИН» асари тиббиест, ки Солеҳ ибни Муҳамммадсолеҳи Қандаҳорӣ таълиф намудааст. Аз муқаддима ва ду боб иборат аст. Муқаддимаи асар дар маърифати обу ҳаво ва маскану истиқророти ҳайвоноти ваҳшӣ ва кулли ашёи муфрада, чидани он аз табиат ва тайёр кардани дору баҳс мекунад. Боби аввал масъалаи безурётӣ, тадбири ҳомилагӣ ва бемориҳои …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ»

«ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ» Муаллиф мувофиқи анъанаи тазкиранависӣ аввал тахаллус, баъд сифатҳои шахсӣ, номи падар, ҷои талаллуд ва гоҳо авлоди шоиронро зикр карда, дар бораи давраи зиндагӣ, ҳунари шоирону олимон ва хусусияти эҷодиёти онҳо маълумот медиҳад. Дар «Тӯҳфат-ут-таворихи хонӣ» ҳамагӣ 3160 мисраъ шеър гирд оварда шудааст. «Тӯҳфат-ут-таворихи хонӣ» анъанаи тазкирапависиро аз пав …

Муфассал »

«ТӮҲФАИ ШОҲӢ»

«ТӮҲФАИ ШОҲӢ» асари муаррихи тоҷик Мирзомуҳаммад Абдулазими Сомӣ, ки солҳои 1899— 1901 ба тоҷикӣ таълиф шудааст; аз давраи Убайдуллоҳхон то аҳди амир Абдулаҳад (1885—1910)-ро дар бар мегирад. Нисфи «Тӯҳфаи шоҳӣ» дар асоси асарҳои таърихие навишта шудааст, ки муаллиф онҳоро дар муқаддима ном мебарад. Қисми дигарашро муаллиф ҳамчун шоҳиди воқеаҳо нақл …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УЛ-АҲБОБ»

«ТӮҲФАТ-УЛ-АҲБОБ» фарҳанги тафсирии забони тоҷикист, ки Ҳофиз Султоналии Ӯбаҳӣ соли 1530 таълиф кардааст; бо номҳои «Тӯҳфаи хонӣ», «Китоби луғати фурс», «Ҳалли луғоти порсӣ», «Луғати Ҳофизи Ӯбаҳӣ» низ ёд мешавад. Муаллиф дар таълифи ин фарҳанг аз «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ ва «Меъёри Ҷамолӣ»-и Шамси Фахрӣ истифода бурдааст. Тартиби луғат аз рӯи …

Муфассал »

«ТӮҲФАИ ХОНӢ» – «Таърихи Раҳимхонӣ»

«ТӮҲФАИ ХОНӢ», «Таърихи Раҳимхонӣ», асари таърихии муаррихи асри 18 Муҳаммадвафои Карминагист. Он воқеаҳои таърихии замони Абулфайзхони Аштархонӣ (ҳукмронӣ 1711—47) -ро то фурӯ нишондани шӯриши қабилаҳои туркман (сариқҳо, солорҳо ва текеҳо) дар Чорҷӯй дар бар мегирад, Қисаи асосии китоб ба таърифу тавсифи сулолаи Манғития оид аст. Асар ба забони тоҷикӣ таълиф …

Муфассал »