Маълумоти охирин
Главная / Теги: асар (страница 16)

Теги: асар

«ШАКЛ-УЛ-ҚУТОЪ»

book-1

«ШАКЛ-УЛ-ҚУТОЪ», яке аз асарҳои математикии Насируддини Тусӣ. Номи пурраи асар «Кашф-ул-Қиноъ ан асрори «шакл- ил-қутоъ» аст. Он ба забони форси-тоҷикӣ таълиф шудааст. Тарҷумаи арабӣ низ дорад. Асар аз (?) китоб (ҳар яки он аз якчанд боб) иборат буда, масъалаҳои назарияи нисбати таркибӣ, назарияи чоркунҷаи пурраи ҳамвор, муқаддимаи назарияи чоркунҷаи пурраи …

Муфассал »

«ШАВОҲИД-УР-РАБУБИЯ»

«ШАВОҲИД-УР-РАБУБИЯ» асари файласуфи а. 16-и Эрон Садруддини Шерозист. Дар он хулосаи асари 9-ҷилдаи фалсафии «Ал-асфор-ул-ақли-ул-арбаа» гирд омадааст. «Шавоҳид-ур-раббубия» аз 5 ооб (машҳад) иборат аст. Ҳар боб як чанд фасл (шавоҳид) ва ҳар фасл чанд ҷузъ (ишроқ) дорад. Дар боби аввал умури омма ва ҳақоиқи куллӣ баён шудааст. Дар боби дуюм …

Муфассал »

«ШАБИСТОНИ НУКОТ ВА ГУЛИСТОНИ ЛУҒОТ»

«ШАБИСТОНИ НУКОТ ВА ГУЛИСТОНИ ЛУҒОТ» «Шабистони хаёл», асари Фаттоҳии Нишопурист, ки с. 1440 таълиф шудааст. Аз муқаддима, хотима ва ҳашт боб иборат буда, боби якум аз хусуси имомату ислом, боби дуюм дар боби шоҳону атрофиёнашон, боби саввум дар бораи илму олимиву таълим, боби чаҳорум дар бораи обидону зоҳидон, боби панҷум …

Муфассал »

«ЧӢ БОЯД КАРД?» – асари В.И. Ленин

«ЧӢ БОЯД КАРД?» Масъалаҳои рӯзмарраи ҳаракати мо», асари В. И. Ленин, ки дар он идеяи ташкил намудани партияи пролетарии нав ҳаматарафа асоснок шудааст. В. И. Ленин дар ин китобаш «иқтисодчигӣ»-ро ҳамчун як навъи оппортуннизми байналхалқӣ— бернштейнчигӣ аз ҷиҳати ғоявӣ тору мор кард. Асар тирамоҳи 1901— февр. 1902 навишта ва марти …

Муфассал »

«ЧОР ДАРВЁШ»

chor-darvesh

«ЧОР ДАРВЁШ» асари мансурест, ки муаллифи номаълуме дар ох. а. 19 ба шакли қисса андар қисса мураттаб кардааст. Аз муқаддима, панҷ қисмат (саргузашти чор дарвеш ва малики Рум — Озодбахт) ва хотама иборат аст. Мазмуни мухтасараш чунин аст: Озодбахт фарзанд надошт, ки соҳиби тахту тоҷи ӯ бошад. Боре барои таскини …

Муфассал »

«ЧАҲОРБОҒИ ГУЛҲО»

book-1

«ЧАҲОРБОҒИ ГУЛҲО»  асари Мудаммадобид ибни Мудам-ъмадодили Бухороӣ дар боби табиатшиносист, ки с. 1851 ба заболи тоҷикӣ таълиф шудааст. Он оид ба як қатор набототу ҳайвоноти нисбатан маъмули Осиёи Миёна маълумот медиҳад. «Чаҳорбоғи гулҳо» аз 4 фасл иборат аст. Дар фасли 1-ум анвои гул ва раёҳин, дар фасли 2-юм дарахтони мева …

Муфассал »

«ЧАҲОР УНСУР»

bedil

«ЧАҲОР УНСУР»  асари фалсафии тарҷумаиҳолии Бедил, ки с. 1705 таълиф шудааст. Он аз муқаддима ва чаҳор фасл иборат мебошад. Муқаддима бо ҳамду наът шурўъ шуда, номгўи фаслҳо, маншаъ ва мақсади таҳрири китобро дар бар мегирад. Ҳар як фасл як унсури олами моддиро аз назари муаллиф шарҳу тафсир медиҳад. «Чаҳор унсур» …

Муфассал »

«ЧАҲОР МАҚОЛА»

Низомии Арӯзии Caмaрқадист

«ЧАҲОР МАҚОЛА»  асари Низомии Арўзии Caмaрқадист, ки с. 1156 таълиф шудааст. Аслан «Маҷмаъ-ун-наводир» ном дошт ва ба сабаби аз чаҳор боб иборат будан ҳар яки он ба унвони «мақола» машҳур аст. Дар муқаддима муаллиф дар бораи таквини олам ба равиши таълимоти Абӯалӣ ибни Сино муҳокима меронад. Баъд сухан аз давлатдории …

Муфассал »

«ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ»

book-5

«ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ» фарҳанги тафсирии форсӣ (тоҷикист, ки Орзу с. 1734 таълиф кардааст. «Чароғи ҳидоят» давоми «Сироҷ-ул-луғот» буда, тафсири 981 калима ва 1084 ибораро дар бар мегирад. Воҳидҳои луғавӣ аз рўи ҳарфҳои якум, дуюм ва гоҳо сеюм ҷойгир шудаанд. Дар «Чароғи  ҳидоят» калимаҳои зиёди иқтибосии арабӣ, ҳиндӣ, урду ва туркӣ низ …

Муфассал »

«ХУШКОРИҲОИ РИДАКОН»

«ХУШКОРИҲОИ РИДАКОН», яке аз асарҳои адабиёти паҳлавист (соли таълифаш номаълум). То замони мо матни позандии он (ниг. Позанд) расидааст, ки тақр. асрҳои 8—9 мураттаб гардидааст. Асар бо ҷумлаи «Ин дастурҳоро устоди дабиристон додааст» шурӯъ мешавад. Сипас, панду андарзҳо, аз қабили субҳгоҳон  аз хоб бархостан, дасту рӯй шустан, ҳангоми омӯзиши дарс …

Муфассал »