Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Надсон Георгий Адамович

Надсон Георгий Адамович

Надсон Георгий Адамович (23. 5. 1867, Киев —5. 12. 1940), микроби­олог ва ботаники советӣ, академияи АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1929), Ходими Хизматнишои- додаи Илми РСФСР (1933). Шӯъбаи табиатшиносии Университети Петербургро (1889) хатм намуда, то соли 1896 дар ҳамон ҷо аз анатомия, физиология, морфология, систематикаи растаниҳо ва микробиология дарс додааст. Солҳои 1897—1934 дар як қатор институтҳои таълимӣ ва тадқиқоти илмии мамлакат кор кардааст. Директори Институти микробиологияи АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1934—1938), сармуҳаррири журнали аввалин дар Россия оид ба микроби­ологияи умумӣ (1914—1938). Фаъолияти геологии микроорганизмҳо ва таъсири омилҳои вайронкунандаро ба онҳо тадқиқ кардааст. Дар занбу- руғҳои дараҷаи паст имконияти дар зери таъсири радиатсияи ионизонанда бо роҳи сунъӣ ҳосил кардани мутатсияро бо қамкории Г. С. Филип­пов исбот намуд (1925). Усулҳоидар таҷриба ҳосил кардани нажодҳои нави устувори микроорганизмҳоро тадқиқ кард.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …