Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИКРОСКОП

МИКРОСКОП

mikroskopМИКРОСКОП (аз микро… ва …скоп), заррабин, асбоби оптикӣ барои дидани объектҳои ниҳоят хурд, ки ба чашми муқаррарӣ наменамоянд. Чашми инсон аз хубтарин масофаи биниш (барои чашми солим 250 мм) ҷузъиёти объектро, ки ба ҳамдигар аз 0,08 мм наздиктар ҷойгиранд, фарқ намекунад. Бо ёрии Микроскопи оптикӣ қисмҳои предметро, ки нисбат ба якдигар дар масофаи 0,2—0,25 икм (микрометр) ҷойгиранд, фарқ кардан ё худ бактерияҳо ва унсурҳои структурии ҳуҷайраҳоро дидан мумкин аст.

Аввалин Микроскопро Г. Галилей сохтааст (1609—10). Баъдтар Микроскопро олимони рус (М. В. Ломоносов, Л. Эйлер, А. А. Лебедев) ва олимони хориҷӣ (А.

Левенгук, Э. Аббе), такмил дода, наза­рияи онро инкишоф доданд. Микроскопҳо оптикӣ ва электронӣ мешавад.

Микроскопи оптикӣ (Расми 1. ми 1) аз системаи оптикие, ки тасвири предметро ка­лон мекунад, системаи шуоъафкан (оинаи 1, конденсори 2), мизакӣ ашёи тадқиқшаванда (3), револьвер бо объективҳо (4), тубус бо окуляраш (5) ва штатив (б) иборат аст. Объ­ектив Об ва окуляр Ок (расми 2) системаи оптикии Микроскопро ташкил медиҳанд.

Он МП 2) ва ё аз тарафи чапи фокуси пеши окуляр Fj пайдо мешавад. Дар ҳолати якум окуляр тасвири ростаи мавҳуми (M”N”)-po медиҳад, ки карат калон карда шудааст.

Дар ҳолати дигар тасвири ҳақикии Эг = — маротиба калон кардашуда

ба вуҷуд меояд, ки онро дар экран дида, аз он акс бардоштан мумкин аст (М.-и проекционӣ, микрофотогра­фия). Калонкуни умумии Микроскоп мебошад. Объективҳои Микроскоп тасвирро аз 3 то 100 ва окулярҳо аз 7 то 15 карат калон мекунанд. Калонкунии матлуби Микроскоп аз рӯи формулаи р = (500-J- -f- 1000) А ҳисоб карда мешавад, ки дар он А—апертура» ададии объ­ектив мебошад (ниг. Апертура). Маҳдудияти қувваи тафриқаи Микроскоп барои додани ҷузъиёти нави пред­мет, ки дар натиҷаи бисёр калон кардани тасвир ба вуҷуд меояд, имкон намедиҳад. Дар ҳолати аз о 51 Х/А хурд будани масофаи бай­ни ду нуқта (X — дарозии мавҷи шуоъ), онҳоро бо Микроскоп алоҳида-алоҳида дидан мумкин нест. Одатан А ба баробар аст, аммо бо ёрии иммер­сия (моеъи мӯътамади байни предмет ва объектив, ки нишондоди nm- каста ш калон аст) А-ро то 1,6 зиёд метавон кард. Аз ҳисоби хурд кар­дани дарозии мавҷ қувваи тафриқаро боз ҳам зиёдтар бардоштан мум­кин аст (дар Микроскопи электронӣ ба амал оварда мешавад).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …