Маълумоти охирин

Май

МАЙ  ин  ҳамон « Бода», «Шароб», «Мусаллас», «Вино» ва «Нӯшокии спиртдор» буда, ки онро бо роҳи туршонидани ангуру меваҷот ҳосил мекунанд. Дар Тоҷикистон Майро асосан аз ангур тайёр мекунанд. Май туршиҳои органикӣ, пайвастҳои органикии фосфордор, намакҳои минералии калий, натрий, калтсий, магний, оҳан, ангиштоб, пайвастҳои нитрогендор, витаминҳо, ферментҳо ва микроэлементҳо дорад. Дар 1 литр Майи ноб 860—900 грам об, 70—Ю грам спирт, 1 грам қанд, 7—9 грам глитсерин, 2—3 грам ҷавҳари ангур, 2—4 грам туршиии шир, 1 — литр грам ҷавҳари себ ва ғайра мавҷуд аст.

Май

Майи баланд аз ноб бо миқдори спирт (дар 1 литр то 150 грам), қанд (то 100 грам) ва ранг (сафед, гулобӣ, сурх), таъм, бӯй ва технологияи тайёркунӣ фарқ мекунад. Май хелҳои десерт, баланд, шампан, газдор ва xyшбӯй дорад. Майи балaнд (мадера, портвейн, херес ва ғайра), ноб (17—20% спирт ва то 3% қанд) ва нимширин (17—20% спирт ва то 10% қанд) мешавад. Майи десерт дар таркибаш 16% спирт дошта, aз рӯи миқдори қанд хелҳои нимширин (5—10% қанд), ширин (10—20% қанд) ва ликёр (қандаш аз 20% зиёд) дорад. Майи шампанро аз дуюмбора туршонидани мусаллас ва илова намудани қанд ҳосил мекунанд, 11,5—12, 5% спирт дорад.

Майи шампан низ аз рӯи миқдори қанд ноб (3% қанд), нимноб (5% қанд), нимширин (8% қанд) ва ширин (10% қанд) мешавад. Майи газдорро бо усули дар мусаллас бисёр ҳал намудани гази карбонат ҳосил мекунанд; 10—12% спирт ва 5% қанд дорад, Mайи хушбӯй (поймут, мускат) хелҳои баланд (18% спирт ва 10% қанд) ва десерт (16% спирт ва 16% қанд) дорад, Барои хуштаъму хушбӯй шудани Май қисми алафи хушбӯй, реша, барг ва меваи растаниҳоро илова мекунанд, Дар Тоҷикистон Майҳои «Тоҷикистон», «Помир», «Хуҷанд», «Сомгар», «Ғончӣ», «Ӯротеппа», «Зарафшон», «Вахш», «Такобӣ», «Гули Ҳисор», «Орпу», «Нава», «Варзоб», «Душанбе», «Тойфӣ», «Гулобӣ» ва ғайра истеҳсол карда мешавад, Нигаред низ Майкашӣ .

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …