Маълумоти охирин

Май

МАЙ  ин  хамон « Бода», «Шароб», «Мусаллас», «Вино» ва «Нушокии спиртдор» буда, ки онро бо рохи туршонидани ангуру мевачот хосил мекунанд. Дар Точикистон Майро асосан аз ангур тайёр мекунанд. Май туршихои органики, пайвастхои органикии фосфордор, намакхои минералии калий, натрий, калтсий, магний, охан, ангиштоб, пайвастхои нитрогендор, витаминхо, ферментхо ва микроэлементхо дорад. Дар 1 литр Майи ноб 860—900 грам об, 70—Ю грам спирт, 1 грам канд, 7—9 грам глитсерин, 2—3 грам чавхари ангур, 2—4 грам туршиии шир, 1 — литр грам чавхари себ ва гайра мавчуд аст.

Май

Майи баланд аз ноб бо микдори спирт (дар 1 литр то 150 грам), канд (то 100 грам) ва ранг (сафед, гулоби, сурх), таъм, буй ва технологияи тайёркуни фарк мекунад. Май хелхои десерт, баланд, шампан, газдор ва xyшбуй дорад. Майи балaнд (мадера, портвейн, херес ва гайра), ноб (17—20% спирт ва то 3% канд) ва нимширин (17—20% спирт ва то 10% канд) мешавад. Майи десерт дар таркибаш 16% спирт дошта, aз руи микдори канд хелхои нимширин (5—10% канд), ширин (10—20% канд) ва ликёр (кандаш аз 20% зиёд) дорад. Майи шампанро аз дуюмбора туршонидани мусаллас ва илова намудани канд хосил мекунанд, 11,5—12, 5% спирт дорад.

Майи шампан низ аз руи микдори канд ноб (3% канд), нимноб (5% канд), нимширин (8% канд) ва ширин (10% канд) мешавад. Майи газдорро бо усули дар мусаллас бисёр хал намудани гази карбонат хосил мекунанд; 10—12% спирт ва 5% канд дорад, Mайи хушбуй (поймут, мускат) хелхои баланд (18% спирт ва 10% канд) ва десерт (16% спирт ва 16% канд) дорад, Барои хуштаъму хушбуй шудани Май кисми алафи хушбуй, реша, барг ва меваи растанихоро илова мекунанд, Дар Точикистон Майхои «Точикистон», «Помир», «Хучанд», «Сомгар», «Гончи», «Уротеппа», «Зарафшон», «Вахш», «Такоби», «Гули Хисор», «Орпу», «Нава», «Варзоб», «Душанбе», «Тойфи», «Гулоби» ва гайра истехсол карда мешавад, Нигаред низ Майкаши .

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.