Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ЭКСИМОСҲО

eskimosi

ЭКСИМОСҲО (худ иннуит гуянд), халқест, ки дар Аляска (ШМА), Гренландия, Дания, шим. Канада ва инчунин СССР (Округи автономии Чукотка; 1,5 ҳаз. наф., 1979) зиндагӣ мекунад. Шумораашон 97 ҳаз. наф. (1978). Забонашон эскимосист.

Муфассал »

ЭСКАЛАТОР

eskalator

ЭСКАЛАТОР (англ, escalator, аз лот. scala — зина), таҷҳизоти дорои зинаҳои ҳаракаткунандаест, ки бо мунҳании 30—35 дар метрополитен ва биноҳои серошёна насб шуда, барои болоравию поинфароии одамон истифода мешавад. Зинаҳои Э. ба занҷири пластикӣ кашиши сарбаст пайваст мешаванд, ки онҳо бо ёрии роликҳо ҳаракат мекунанд.

Муфассал »

ЭСЕРДО

ЭСЕРДО (партияи социалистон-революдионерҳо, с.-р.), партияи буржуазӣ-демократии чап дар Россия (1901—23), то 1917 дар вазъияти ғайрилегалӣ. Манфиатҳои буржуазияи майдаи шаҳру деҳотро ифода мекард. Аз революцияпарастии майда буржуазӣ то ба муттафиқшавӣ бо контрреволюцияи буржуазию помещикӣ омада расид. Талабҳои асосиаш: республикаи демократӣ, озодиҳои сиёсӣ, қонунбарории коргарӣ, социаликунонии замин, Воситаи асосии тактикиаш — террори …

Муфассал »

ЭРСТЕД

ЭРСТЕД, воҳиди шиддатнокии майдони магнитиро дар Системаи воҳидҳои СГС номанд. Ба шарафи X. К. Эрстед номида шудааст; ишораи тоҷикиаш Э, байналхалқиаш Ое.

Муфассал »

ЭРОНШИНОСӢ

iran

ЭРОНШИНОСӢ маҷмӯи фанҳоест, ки таърих, иқтисодиёт, забону адабиёт, санъат, илму фалсафа, афкори иҷтимоию сиёсӣ, дину оин, урфу одат ва умуман маданияти моддию маънавии халқҳои эронинажодро меомузад. Э. ҳамчун илм дар а. 19 ташаккул ёфтааст. Ба пайдоиши он инкишофи муносибатҳои тиҷоратию дипломатии давлатҳои Европаи Ғарбӣ бо Эрон, Осиёи Миёна ва Ҳиндустон …

Муфассал »