Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САЪДИ ТОЙ

САЪДИ ТОЙ- и- (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 13). Ҷузъиёти рӯзгораш равшан нест. Муаллифи тазкираи «Лубоб-ул-албоб» намунаи ашъори Саъди Тойро зикр карда, ба шеъри ӯ баҳои баланд додааст. Бино ба гуфтаи ӯ, дар шеърҳояш, ки ҳамагӣ тарабангез ва диловезанд, ба зиндагӣ бо чашми ҳақиқат нигариста, моҳияти ҳаёти …

Муфассал »

САЪДИ САМАРҚАНДӢ

САЪДИ САМАРҚАНДӢ Саъдуддин Асади Наҷҷорӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс- тоҷик (асри 12). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш равшан нест. Муҳаммади Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» ҳунари шоирӣ, тарзи баён ва завқи нигорандагии Саъди Самарқандиро таърифу тавсиф намуда, ӯро дар радифи Унсурӣ ҷой додааст. Дар сурудани навъҳои гуногуни шеър ҳунарнамоӣ кардааст, вале …

Муфассал »

САЪДИ БУХОРОӢ

САЪДИ БУХОРОӢ- Саъдуддии Асад ибни Шиҳоб (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Муҳаммади Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» Саъдии Бухороиро яке аз шахсиятҳои маъруфи Бухоро номидааст. Дар овони пирӣ ӯ гӯшанишинӣ ихтиёр карда, дар маҳаллаи Ҳавзи Имомон иқомат дошт. Аз осори ӯ қасидаҳою ғазалҳо ва абёти пароканда ба воситаи …

Муфассал »

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон аз арабҳо роли калон бозида, давлати Саффориёнро ташкил карданд. Асосгузораш деҳқонбачаҳои систонӣ Яъкуб ибни Лайс ва баро- даронаш Амр, Тоҳир ва Алӣ. Яъқуб дар шаҳри Заранҷа чанд вақт шогирди саффор (мисгар) буд, ки номи сулола …

Муфассал »

САФОРАТХОНА

САФОРАТХОНА, намояндагии дипломатие, ки ба он сафир ва ё дигар намояндагони дипломатии класси 1- ум роҳбарӣ мекунанд. Нигаред, низ Рутбаҳои дипломатӣ, Сафорат.

Муфассал »