Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«ТАЪРИХИ БАНОКАТӢ»

«ТАЪРИХИ БАНОКАТӢ» асари Банокатӣ, ин соли 1317 ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф кардааст. Мазмуни асарро воқеа ва ҳодисаҳои таърихию асотирии аз давраи ҳазрати Одам то давраи муаллиф ташкил медиҳад. «Таърихи Банокатӣ» аз муқаддима ва нӯҳ боб (қисм) иборат аст. Боби аввал ба таърихи анбиёю авлиё, боби дуюм ба таърихи подшоҳони қадими …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ»

«ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ» асари Абулфазли Байҳақӣ Муҳаммад Ибни Ҳусайн, ки солҳои охири ҳаёташ ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи Байҳақӣ» ба султони Ғазнавиён султон Масъуди Ғазнавӣ бахшида шудааст, аз ин рӯ, дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ бо номҳои «Таърихи     Масъудӣ», «Таърихи Оли Сабуктегин», «Ҷомеъи таърихи Оли Сабуктегин» ё «Муҷалладоти Абулфазли Байҳақӣ» дучор меояд. …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ»

«ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ» асари таърихии адиб, мунаҷҷим ва муаррихи асри 12 форс-тоҷик Заҳируддин Абулҳасаи Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ маъруф ба ибни Фундуқ, ки ба таърихи шаҳри Байҳақ (ҳоло шаҳри Сабзавор), шарҳи ҳоли ашхоси номдори он бахшида шудааст. «Таърихи Байҳақӣ» соли 1168 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи Байҳақӣ» барои омӯхтани воқеа …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ БАДАХШОН»

«ТАЪРИХИ БАДАХШОН» асари таърихии муаллимони хоруғӣ Қурбон Муҳаммадзода (Сулаймон) ва Муҳаббат Шоҳзода (Футуршо). Асари мазкур солҳои 30 асри 20 бо ҳуруфоти арабӣ ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, аз се дафтар иборат аст. Дар дафтари 1-ум дар бораи гузаштаи тоинқилобии мулки Шуғнон, истисмори сахти феодалӣ (то ҳамроҳ шудан ба Россия), дар …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ БАДАХШОН»

«ТАЪРИХИ БАДАХШОН» асари Саидмуҳаммади Бадахшӣ ва Мирзо Фазлалибеки Сурхафсар. «Таърихи Бадахшон» аз қисмати асосӣ ва 3 илова иборат буда, воқеаҳои солҳои 1657/8— 1905 дар ҳудуди ҷумҳурии шуравии Тоҷикистони имруза ва шимоли Афғонистон ба вуқӯъ омадаро дар бар мегирад. Баёни воқеаҳои солҳои 1657/8—1808/9 бақалами Сангмуҳаммади Бадахшӣ, солҳои 1808/9—1005 ба Мирзо Фазлалибеки …

Муфассал »