Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕРМИТ

ТЕРМИТ аз юнонӣ ( гармӣ), омехтаи хокаи алюминий (баъзан магний)-ро бо оксиди металлҳои гуногун (асосан оҳан) гӯянд, ки хангоми сӯзиш гармии зиёд (беш аз 2000°С) хориҷ мекунад. Термити оҳану алюминий бештар маъмул аст. Термити мазкурро барои кафшери релсҳо, рехтани деталҳои калон истифода мебаранд. Ҳарорати алангагирии чунин Термит то 1300°С мерасад …

Муфассал »

ТЕРМИНАТОР

ТЕРМИНАТОР (аз лотинӣ ( ҳад мегузорам, чудо мекунам), ҳадест дар қурси сайёраҳо ё радифи маснӯъ, ки нимкураи равшани сайёраро аз нимкураи торики он ҷудо мекунад. Дар нуқтаҳои сатҳи сайёра ё радифи маснӯъ, ки дар ян хати терминатор ҷойгиранд, Офтоб ё тулӯъ (терминатори субҳ) ва ё ғуруб (терминатори шом) мекунад. Ба …

Муфассал »

ТЕРМИНАЛ

terminal

ТЕРМИНАЛ (аз лотинӣ — марбут ба охирин) дар техникаи ҳисоб (олати терминал, пулти абонентӣ), як олати системаи ҳисобро гӯянд, ки барои ба система даровардану аз он баровардани информация (масалан, ҳангоми кори одам бо ЭВМ) таъин шудааст. Ҳоло Терминалҳоро дар беморхона, китобхона, муассисаҳои савдо, меҳмонхона, касса ва ғайра истифода мебаранд.

Муфассал »

ТЕРИОЛОГИЯ

teriology

ТЕРИОЛОГИЯ (аз юнонӣ ( дарранда, ва …логия), маммалиология, маммалогия, як фасли зоологияро гӯянд, ки сохт, пайдоиш, тарзи ҳаёт ва аҳамияти ширхӯрҳоро меомӯзад.

Муфассал »