Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕТАНИЯ

tetaniya

ТЕТАНИЯ (аз юнонӣ Tetanos — ихтилоҷ, рагкашӣ), бемориеро гӯянд, ки чун рагкашон шиддатнок ва ихтилоли системаи асаб зоҳир мешавад. Дар натиҷаи вайрон шудани функцияҳои ғадудҳои назди ғадуди сипаршакл дар хун миқдори калций кам гашта, боиси пайдоиши Тетания мешавад. Қайкунию исҳоли зуд-зуд ва ғайра низ аломати Тетания мебошанд.

Муфассал »

ТЕСТ

test

ТЕСТ (англисӣ tеst — санҷиш, озмоиш, тадқиқ), озмун, 1) дар психология ва педагогика, ба андоза ва қолиби муайян даровардани супоришҳоеро номанд, ки аз руи натиҷаҳои иҷрои онҳо хусусиятҳои психофизиологӣ ва фардӣ, инчунин донишу маҳорат ва малакаи шахси озмудашавандаро муайян мекунанд. 2) Дар физиодогия ва тиб таъсироти озмоишӣ ба организмро гӯянд, …

Муфассал »

ТЕСЛАМЕТР

teslametr

ТЕСЛАМЕТР (аз тесла… ва …метр), асбобест барои чен намудани индукция ё шиддатнокии майдони магнитӣ дар муҳити ғайри ферромагнитӣ. Тесламетрҳои индукционӣ ва феррозондӣ мавҷуданд, ки ба ҳодисаи Холл, резонанси магнитии ядроӣ ва ғайра асос ёфтаанд.

Муфассал »

ТЕРРАРИУМ

terrarium

ТЕРРАРИУМ, террариум (аз лотинӣ tеrrа — замин), хоначаҳои махсусеанд барои нигоҳ доштани ҷонварони хурди хушкгард (аксаран обхокиҳо ва хазандагон) ва мушоҳида намудани ҳаёти онҳо. Ба сифати Террариум қуттии деворҳояш қисман шишагин ё бо тӯри сӯрохиҳояш хурд иҳоташударо кор мефармоянд. Дар даруни қуттӣ рег ё хок рехта, санг, чим, ушна, зарф …

Муфассал »

ТЕСЛА

ТЕСЛА, воҳиди индукцияи магнитист дар системаи воҳидҳои байналхалқӣ: ба индукцияи магнитие баробар аст, ки дар зимни он веберсеяи магнитӣ аз буриши Кӯндалангии масоҳаташ 1 м2 гузашта метавонад. Мавсум ба Н. Тесла. Ишораташ Т. 1 Т — 1 Вб/м2 = 1 Н/ (Ам) = 100 Гс.

Муфассал »