Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТОРБЕРНИТ

0581231

ТОРБЕРНИТ, минералест аз гурӯҳи уранҳои абрақмонанд, Сu (UО2)2 • [Р04]2 • 12Н2О. Кристалҳояш хурд ва тунук. Рангаш сабзи равшан; садафҷило; ниҳоят радиоктивист. Сахтиаш 2—3; зичиаш 3200—3600 кг/м3; мӯрт. Торбернит маҳсули фарсоиши минералҳои урандор мебошад. Дар ҳавои кушоди хушк тадриҷан ба мета торбернит Сu (UO2)2 [Р04]2 • 8Н2О табдил меёбад.

Муфассал »

ТОРЕЗ Морис

ТОРЕЗ (Тhorez) Морис (28. 4. 1900, Нуайел-Годо, департаменти Па-де-Кале—41. 7. 1964, дар киштӣ дар роҳи СССР; дар қабристони Пер Лашези Париж мадфун аст), ходими ҳаракати коммунистӣ ва коргарии Франция ва байналхалқӣ. Аз оилаи ангишткан. Аз рӯзи таъсисёбии Партиян Коммунистии Франция (1920) яке аз ходимони намоёни он. Аъзои Комитети Марказии Партияи …

Муфассал »

ТОР

tor

ТОР, танида, нахҳое, ки қадқади матоъ нисбат ба ҳамдигар мутавози мехобанд ва ҳангоми бо нахҳои пуд бофтани онҳо матоъ ҳосил мешавад (нигаред Бофти тору пуд). Нахҳои Торро ба ғалтаки калони махсус (навоӣ) печонда, ба ақиби дастгоҳи бофандагӣ ҷойгир мекунанд. Барои Тор ресмони нисбатан маҳкаму сахт тофташударо, ки аз нахқои хушсифат …

Муфассал »

ТОР

tor-soz

ТОР, 1) сози мусиқиест, ки бо мизроб (нохунак) менавозанд. Тор дар Эрон, Кавказ ва Осиёи Миёна хеле маъмул аст. Дар Тоҷикистон ва Узбакистон баъзан Тори озарбойҷонӣ ҳам мегӯянд. Тор косаи ба рақами 8 монанд дошт, аз чӯби тут тарошида мешавад. Ба рӯи косааш пардаи дили говро макашанд. Дарозии умумиаш 78—90 …

Муфассал »

ТОПОНИМИКА

toponimika

ТОПОНИМИКА (аз юнонӣ (topos— маҳал, мако ҷой ва onuma— ном), як ҷузъи ономастика, ки таъриху шароити пайдоиш, инкишоф, маънову мундариҷа ва макони интишори номҳои географӣ (топонимҳо)-ро меомӯзад. Маҷмӯи номҳои географии ин ё он маҳал топонимияя он мебошад. Барои ишораи номи маҳалҳои калон истилоҳи макротопоним» (макро…— калон), барои исми маҳалҳоии хурд …

Муфассал »