Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

УЗВҲОИ НУТҚ

300px-articulation

УЗВҲОИ НУТҚ, дастгоҳи нутқ, маҷмӯи узвҳои одамиро гӯянд, ки ғайр аз вазифаи асосии физиологии худ барои сохтани овозҳои нутқ низ хидмат мекунанд. Узвҳои нутқ      ду гурӯҳанд: узвҳое, ки дар овозсозй иштироки бевосита надоранд, вале ба он мусоидат мекунанд ва узвҳое, ки дар овозсозӣ бевосита иштирок доранд. Узвҳои гурӯҳи аввал инҳоянд: …

Муфассал »

УЗЛАТ Мирмуҳаммад Аминшоҳ

УЗЛАТ Мирмуҳаммад Аминшоҳ (соли таваллуд номаълум — вафот 1853), шоири тоҷик. Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар бораи у навиштааст: «Тӯтии шакаристони суханварӣ. Ашъораш шаҳдомезу малоҳатангез афтода». Дар мирзоӣ, илми мусиқӣ ва танбӯрсозиву хотамбандӣ ва ғайра маҳорат доштааст. Аз осораш якчаяд ғазал, қитъаҳо ва абёти пароканда …

Муфассал »

«УЗЗОЛ»

nota-2

«УЗЗОЛ» шӯъбаест дар «Дувоздаҳмақом» ва «Шашмақом». Дар «Шашмақом» чун мавзӯи аслӣ дар қисми овозии мақоми «Бузург» меояд, оҳанги дилангезу фараҳбахше дорад ва дар ин ҷо «Талқини уззол» «Насри узол» ва «Уфари узол» ном гирифта бо зарбҳои 3/8, 2/4 ва 3/4 иҷро мешавад. Матни «узолҳое, ки дар «Шашмақом» амал доранд, аз …

Муфассал »

Шаҳри УЖГОРОД

uzhgorod

УЖГОРОД, шаҳр, маркази вил. Закарпатияи РССУ. Дар соҳили дарёи Уж воқеъ аст. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 105 ҳазор нафар (1984). Корхонаҳои саноати сабук, чӯбкорӣ, мошинсозӣ, хӯрокворӣ, заводҳои маснуоти оҳану бетонӣ, химияи рӯзгор ва ГРЭС дорад. Университет, 2 театр мавҷуд аст. Мувофиқи маълумоти археологӣ Ужгород дар асрҳои 8—9 бунёд ёфтааст. Ёдгориҳои …

Муфассал »

УЕЗДИ ТОҶИКОНИ ТОШҚӮРҒОН

УЕЗДИ ТОҶИКОНИ ТОШҚӮРҒОН маҳалли тоҷикнишинест дар раёни автономии Синзяну Уйғур (Хутан)-и Ресспубликаи Халқии Хитой. Дар ин уезд тақрибан 20 ҳазор нафар тоҷикон (1981) дар ҳамсоягӣ бо уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва дигарон зиндагӣ мекунанд. Тоҷикони Тошқӯрғон дар асрҳои миёна ба ҳайати давлатҳои мустақилу мухталифи ин сарзамин дохил мешуданд. Давлати Кошғар (пойтахташ …

Муфассал »