Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

УННОБ

УННОБ, уноб, ҷелонҷигда, дарахтест, ки мевааш ба санҷид (ҷигда) монандӣ дорад, вале аз вай сурхтар ва сергӯшттар мешавад.

Муфассал »

УНИВЕРСИТЕТҲОИ МАРКСИЗМ-ЛЕНИНИЗМ

УНИВЕРСИТЕТҲОИ МАРКСИЗМ-ЛЕНИНИЗМ, Университетҳои шабонаи марксизм-ленинизм, яке аз шаклҳои звепои олии таълими сиёсӣ дар системаи маорифи партиявист. Мӯҳлати таҳсил 2—3 сол. Ҳайати шунавандагони Университети марксизм-ленинизмро комитетҳои КПСС, ки университетҳо дар назди онҳо ташкил шудаанд, муқаррар мекунанд. Ба Университети марксизм-ленинизм аъзоёни партия, комсомолон ва фаъолони бепартиявии бештар маълумоти олидор бо тавсияи ташкилотҳои …

Муфассал »

УНИВЕРСИТЕТҲОИ МАДАНИЯТ

УНИВЕРСИТЕТҲОИ МАДАНИЯТ яке аз навъҳои хеле паҳншудаи университетҳои ҳалқӣ — муассисаи маданию маърифатии ҷамъиятии дастраси умум, ки савияи маълумот ва маданияти меҳнаткашонро баланд мебардоранд. Нахустин Университетҳои маданият (адабиёт ва санъат) дар СССР соли 1958 ба вуҷуд омаданд, минбаъд ба монанди онҳо оид ба соҳаҳои дониш университетҳо ба кор сар карданд. …

Муфассал »

УНИВЕРСИТЕТҲОИ КОММУНИСТӢ

univer-tashkent

УНИВЕРСИТЕТҲОИ КОММУНИСТӢ, мактабҳои олии партиявӣ дар СССР, ки соли. 1919 таъсис ёфта, коркунони партиявӣ, советӣ ва иттифоқҳои касаба тайёр мекарданд. Кӯҳнатарин Университетҳои коммунистӣ: ба номи Я. М. Свердлов (таъсисаш 19)9), меҳнаткашони Шарқ (1921), миллатҳои камшумори Ғарб ба номи Ю. Ю. Мархлевский (1921). Соли 1931 дар СССР 45 университети коммунистии марказӣ, …

Муфассал »