Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

УШНОНДОРУ

ushna

УШНОНДОРУ, зуфо (Нуssopus оffisinalis), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи лабгулҳо. 50—90 см қад мекашад. Ушнондору чун растании хӯшбӯй ва доруи аз қадим маълум аст. Аз хусусиятҳои муфиди ушнондору Дисқуридус (Диоскорид, а.. м.), Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунн, Аоуалии Сино ва дигарон бохабар буданд. Масалан, бино ба маълумоти Сино, ушнондору ду навъ аст: …

Муфассал »

УШР

УШР (арабӣ- даҳяк), дар мамлакатҳои мусулмони андозест, ки ба миқдори даҳяки ҳосил (ҳар сол аз деҳқонон, чорводорон ва моҳигирон) ситонида мешуд. Дар ибтидо ушрро аз саидҳо, руҳониёни калон, инчунин баъзе амирон ва аз халқҳои ноҳияҳои «ихтиёран ба лашкари ислом таслимшуда» мегирифтанд. Обу заминеро, ки аз он ушр меситониданд, «мулки ушрия» …

Муфассал »

УШНОН

ushnon

УШНОН, ушлон, ушна, хурд, хуруд черкез (Salsola richtere), буттаи сершох ё дарахти хурдест (аз оилаи шӯраиҳо). 2—5 м қад мекашад. Ушнон хоси биёбон буда, ба реги тафсон, камобӣ ва ҳавои гарм ба хуби тоб меорад. Ба чуқурии то 3 м реша меронад. Баргаш хеле борик аст ва обро кам бухор …

Муфассал »

УШНАШИНОСӢ

ushna

УШНАШИНОСӢ, бриология (аз юнонӣ bruon — ушна ва …логия), як фасли ботаникаро гуянд, ки ушнаро меомӯзад.

Муфассал »