Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«ФАРОМУРЗНОМА»

«ФАРОМУРЗНОМА» манзумаи ҳамосиест дар ҳудуди 1500 байт, ки тақрибан охири асри 11—аввали асри 12 аз тарафи муаллифи номаълуме навишта шуда, достонеро аз қаҳрамониҳои Фаромурз — писари Рустам дар бар мегирад. Мазмуни мухтасараш ин аст: Рӯзе паҳлавонон Рустам, Гев, Гударз, Тус, Фарибурз ва дигарон дар дарбор нишаста буданд, ки аз назди …

Муфассал »

ФАРОНАК

ФАРОНАК номи модари Фаридун аст. Мувофиқи ривоятҳо Фаронак (дар Авесто домаш ба шакли Френи омадааст) духтари хукмрони ҷазираи дарёи дурдасти Чин Таҳур будааст. Падари Фаридун — Отбин ё Обтин аз нажоди Таҳмурас ба дасти Заҳҳок кушта шуд. Фаронак бо ранҷу азоб писарашро аз чанголи Заҳҳок раҳонида, калон кард. Адабиёт: Абулкосими …

Муфассал »

ФАРОМУРЗ ибни Худодод

ФАРОМУРЗ ибни Худодод ибни Абдуллоҳи котиби Арҷонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), қиссахон, ровии форс-тоҷик (асри 12). дар Арҷон (Арраҷон)-и Шероз ба дунё омадааст. Дар аввал пешаи котибӣ варзида, баъдан ба қиссахонӣ пардохтааст. Аз соли 1189 сар карда, аз рӯи ривояти ровӣ Садақа ибни Абулқосими Шерозӣ, ба ҷамъу таълифи достони …

Муфассал »

ФАРОВЕЗ

joma

ФАРОВЕЗ, порчаи матоест, ки дар гирдогирди ҷома (даруни он) дӯзанд ва бо вай канори астарро бо канори абраи ҷома пайванд диҳанд.  

Муфассал »

ФАРОВА

ФАРОВА Афрова, Фазова, Афзова, Парнав, шаҳри қадимӣ дар Осиёи Миёна (дар ҳудуди ҳознраи РСС Туркманистон). Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Фароваро намояндаи сулолаи Тоҳириён Абдуллоҳ ибни Тоҳир (ҳукмронӣ 828—844) барои ҳимояи сарҳади Хуросон аз ҳуҷуми кӯчманчиён бино кардааст. Бино ба маълумоти «Ҳудуд-ул-олам» Фарова дар сарҳади байни Хуросону Деҳистон ҷойгир шуда, барои …

Муфассал »