Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ»

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ» луғати дузабонаест иборат аз 2 ҷилд; бо тасҳеҳ ва эҳтимоми Ю. А. Рубинчик. Соли 1970 ба табъ расидааст. Дар мураттаб сохтани «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» кормандони Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР — эроншиносон М. Н. Усмонов, Ҷ. Ҳ. Дуррӣ, Л. Н. Киселева, С. С. Саричев, К. …

Муфассал »

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ»

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ» фарҳанги дуабонаест, ки Мирзо Ғаффоров таълиф кардааст. Иборат аз ду ҷилд буда, дар Москва солҳои 1914—28 ба табъ расидааст. Дар табъи «Фарҳанги форсӣ «муҳаррирони он академик Ф. Б. Корш ва профессор Л. И. Жирков ҳиссаи калон гузоштаанд. Дар он аз назми форс-тоҷик, махсусан аз эҷодиёти Фирдавсӣ, …

Муфассал »

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ»

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ» луғати шашҷилдаи тафсирӣ, ки Муҳаммад Муин солҳои 1963—73 (дар 6 ҷилд) таълиф кардааст. «Фарҳанги форсӣ» асосан аз луғоти адабӣ ва гоҳо гуфтугӯии забони ҳозираи форсӣ иборат аст. Се ҷилди аввалаш калимаҳо, феълҳои таркибӣ ва ибораҳои фразеологиро дар бар мегирад. Дар охири ҷилди 3 таркиботи забонзад ё ҳикматомези хориҷӣ …

Муфассал »

ФАРҲАНГИ ФАХРИИ ҚАВВОС

ФАРҲАНГИ ФАХРИИ ҚАВВОС «Фарҳанги Қаввос», «Фарҳангнома», «Панҷбахшӣ», фарҳанги тафсириест, ки Мавлоно Фахруддин Мубораки Ғазнавӣ мутахаллис ба Қаввос (Камонгар) соли 1301 дар Ҳиндустон таълиф кардааст. «Фарҳанги Фахрии Қаввос» баъд аз «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ дуюмин фарҳанги тафсирии забони форсӣ (тоҷикӣ) ва нахустин фарҳанги мавзуист, кн то замони мо расидааст. Аз панҷ …

Муфассал »