Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФАУНАИ ҶАНГАЛ

f-jangal

ФАУНАИ ҶАНГАЛ, ҷамеи ҳайвонотеро гӯянд, ки барои дар ҷанал зиндагӣ кардан мутобиқ шудаанд. Вобаста ба миқдори намудҳои ҳайвонот фаунаи ҷангалҳои сербориши тропикӣ, ки барои ҳаёт шароит нисбатан мусоид аст, тафовут дорад. Аксар ҳайвоноти ҷангал барои ба дарахт баромадан ва дар он ҷо зиндагӣ кардан мутобиқ гаштаанд. Ширхӯрҳо — маймун, саиҷоб, …

Муфассал »

ФАУНАИ ХУШКӢ

f-xushki

ФАУНАИ ХУШКӢ, ҷамеи ҳайвонотеро гӯянд, ки дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Ба фаунаи хушкӣ қариб 4/5 ҳиссаи миқдори умумии намудҳои ҳайвонот мансуб аст, ки сабаби ин гуногуншаклии шароити ҳаёт, таърихи геологии хушкӣ (якчанд маротиба иқлим, релеф ва ғайра тағйир ёфт), ҷудо будани баъзе материку ҷазираҳо ва ғайра мебошад. Намояндагони фаунаи хушкӣ …

Муфассал »

ФАУНАИ ХОК

f-xok

ФАУНАИ ХОК, олами ҳайвоноти хок, маҷмӯи ҳайвоноти хокро гӯянд. Фаунаи хок бисёр навъҳои ҳайвоноти хушкигард ва обиро дар бар мегирад. Соддатаринҳо, коловраткаҳо ва нематодаҳои майдатарин (нанофауна) дар зарраи оби хок ҳаёт мегузаронанд. Бандпойҳои майда — кана, думпойҳо, симфилҳо ва ғайра (микрофауна) дар ҷавфи беоби байни зарраҳои сахти хок маскан мегиранд. …

Муфассал »

ФАУНАИ ТУНДРА

zhivotnye-tundry_3

ФАУНАИ ТУНДРА, ҷамеи ҳайвонотеро гӯятд, ки дар тундра зиндагӣ мекунанд. Ҳайвоноти тундра камшумор аст, ки ин ба қаҳратун будани иқлими ҷои сукунат нисбатан ҷавон будани фауна, мавҷудияти эндемикҳо (баъзан ба ҷинсҳои мустақил мансубанд) ва бо баҳр алоқа доштани бисёр намудҳои ҷонварон (хирси сафед, баъзе белпойҳо) вобаста мебошад. Қисми зиёди ҳайвоноти …

Муфассал »

ФАУНАИ ТРОПИКА

fauna

ФАУНАИ ТРОПИКА, ҷамеи ҳайвонотеро гӯянд, ки дар минтақаҳои экваторӣ, субэкваторӣ ва тропикӣ зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди гуногун будани шароити зиндагӣ, намояндагони фаунаи тропикӣ як қатор хусусиятҳои умумӣ (масалан, гармидӯстӣ, камнасли ва ғайра) доранд. Баъзе гурӯҳҳои фаунаи тропикӣ масалан, антилопҳо (дар саванна), мӯрчагон (дар бешазоринамноки тропикӣ), термитҳо (дар ҳама ноҳияи тропика) …

Муфассал »