Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАУНАИ ХОК

ФАУНАИ ХОК

ФАУНАИ ХОК, олами ҳайвоноти хок, маҷмӯи ҳайвоноти хокро гӯянд. Фаунаи хок бисёр навъҳои ҳайвоноти хушкигард ва обиро дар бар мегирад. Соддатаринҳо, коловраткаҳо ва нематодаҳои майдатарин (нанофауна) дар зарраи оби хок ҳаёт мегузаронанд.

f-xok

Бандпойҳои майда — кана, думпойҳо, симфилҳо ва ғайра (микрофауна) дар ҷавфи беоби байни зарраҳои сахти хок маскан мегиранд. Барои мавҷудоти нисбатан калонтари бемӯҳра — кирми лойхӯрак, ҳазорпо, кирминаи ҳашарот, ки аз байни хок ба худ роҳ мекушоянд (мезофауна), тамоми хок муҳити сукунат мебошад. Ҳайвоноти заминкоби мӯҳрадор — кӯрмуш, хокканак, сокор ва дигар мавҷудоти калонҷуссаи хок гурӯҳи макрофауна ё мегафаунаро ба вуҷуд меоранд. Дар 1 м2 хок аз даҳ то садҳо фарди мезофауна, аз якчанд ҳазор то садҳо ҳазор организми микрофауна ҳаст; 1 г хок ҳазорҳо соддатаринҳо дорад. Фаунаи хок аз геобионтҳо (сокинони доимии хок), геофилҳо (организмҳое, ки дар хок яке аз давраҳои фаъолтарин — ғизогирии худро мегузаронанд) ва геоксенҳо (мавҷудоте, ки хок барои онҳо паноҳгоҳ аст) иборатанд. Фаунаи хок омили муҳимми хокҳосилшавӣ буда, ба ҳама хосиятҳои хок, инчуиии ҳосилхезии он таъсир мерасонад. Фаунаи хок пӯсиши боқимондаҳои растанигиро метезонад, низоми памак ва реакцияи хокро тағйир медиҳад, ковокӣ ва қобилияти обу ҳавогузаронии онро беҳтар мегардонад, сохти хуби хок ва ғайраро ба вуҷуд меорад.
Дар бисёр мамлакатҳо барои беҳар намудани ҳосилхезии хок, махсусан ба заминҳое, ки аз нав корам кардаанд, навъҳои фаунаи муфиди хокро мутобиқ мекунанд; ғайр аз он ба замин поруе меандозанд, ки аз мавҷудоти фоиданоки хоки бой аст.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …