Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФИЛМОТЕКА

filmoteka

ФИЛМОТЕКА (аз филм ва юнонӣ theke — хазина), муассисае (ё шӯъбаи киностудия, музей ва ғайра)-ро гӯянд, ки дар он навор (плёнка)-и филмҳоро нигоҳ медоранд. Соли 1948 Госфилмофонди СССР таъсис ёфтва аз ҳамон сол аъзои Федерасияи байналхалқии архиви киност (ФИАФ; таъсисаш 1938).

Муфассал »

ФИЛОГЕНЕЗ

ФИЛОГЕНЕЗ (аз юнорнӣ рhylon ҷинс, зот ва …генез) филогения, инкишофи таърихии оргашгзмҳо (намуд, ҷинс, оила, симф ва ғайра)-ро гӯянд. Истилоҳи «Филогенез»-ро соли 1866 эволюсионисти немис Э. Геккелъ ҷорӣ кардааст. Филогенез ва қонуниятҳои онро филогенетика меамӯзад. Ҳангоми омӯзиши Филогенез вазифаи асосӣ таҷдиди тағйири тадриҷии ҳайвонот, наботот, микроорганизмҳо ва муайян намудани пайдоишу …

Муфассал »

ФИЛМ

1444826

ФИЛМ (аз англисӣ film — навор), маҷмӯъи тасвироти фотографӣ, ки паи ҳам омада, сюжети ягонан асари киноро ифода карда дар экран намоиш медиҳад. Мутобиқи хусусияти техникӣ филм овоздор, беовоз, ранга, сиёҳу сафед, камбар (8 мм ва 16 мм), муқаррарӣ (35 мм) ва васеъ (70 мм), васеъэкран, панорамӣ ва мувофиқи тафриқоти …

Муфассал »

Деҳаи ФИЛМАНДАР

ФИЛМАНДАР, деҳаест дар райёни Панҷакент, вилояти Ленинобод. Дар ҳудуди колхози ба номи М. И. Калинин. Аз Филмандар то район 21 км. Аҳолиаш зиёда аз 1000 нафар (1986). Соҳаҳои хоҷагӣ ғаллаю тамокукорӣ, боғу кирмақдорӣ ва чорводорист.

Муфассал »