Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФИТОТРОН

fitotron

ФИТОТРОН (<ав фито… ва юи… (thronos — ҷой, марказ), як навъ камера (ё маҷмӯи камерадо)-ест барои парвариши растанӣ дар шароити танзимшавандаи сунъӣ. Дар фитотрон асосан таъсири омилҳои муҳит (ҳарорат, намӣ, рӯшной ва ғайр)-ро ба растанӣ меомузанд.

Муфассал »

ФИТОНСИДҲО

fitonsidho

ФИТОНСИДҲО (аз юнонӣ рhuton— растанӣ ва лотинӣ саеdо — мекушам), моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъолро гӯянд, ки растаниҳо ҳосил карда, микроорганизмҳо (бактерияҳо, занбӯруғҳои микроокопӣ, соддатаринҳо)-ро нобуд ё сабзишу инкишофи онҳоро суст мекунанд. Онҳо яке аз омилҳои иммунитети табиии растаниҳо буда, зимни алоқаи мутақобилаи организмҳо дар биогеосеноз аҳамияти калон доранд. Хосияти …

Муфассал »

ФИТОПАТОЛОГИЯ

ФИТОПАТОЛОГИЯ (аз фито… ва патология), илмест оид ба касалиҳои растанӣ, воситаву усулҳои пешгири ва бартараф кардани онҳо. Дар миёнаҳои асри 20 фитопотология ҳамчун илми комплексие, ки аз соҳаҳои мустақил — фитомидология (илмест оид ба касалиҳои занбӯруғии растанӣ), фитовирусология (нигаред Касалиҳои вирусии растанӣ), фитонематодология (илмест оид ба бактериозҳо ва касалиҳои нематодии …

Муфассал »

ФИТОГОРМОНҲО

fitogormonho-rastani

ФИТОГОРМОНҲО (аз фито… ва гормонфо), гормонҳои наботот, моддаҳои рушд, моддаҳои химиявиро гӯянд, ки дар растаниҳо ҳосил шуда, сабзишу инкишофи онҳоро танзим мекунанд. Аз рӯи сохт ва хусусиятҳои таъсир фитогормонҳо гуногунанд. Ба фитогормонҳо ауксинҳо, гиббереллинҳо, ситокининҳо (ё кининҳо) ва флориген дохил мешаванд. Назар ба гормонҳои ҳайвонот таъсирашон маздуд аст ва маъмулан …

Муфассал »

ФИТОГЕОГРАФИЯ

rastani-daraxt

ФИТОГЕОГРАФИЯ, географияи растаниҳо, як фасли ботаника ва география табииро гӯянд, ки паҳншавии географии набототро меомӯзад. Мавзуи асосии тадқиқи фитогеография ареали намудҳои флора ва ғайра мебошад. Масъалаҳои фитогеография дар СССРдар Институти ботаникаи ба номи В. Л. Комарови Академияи Фанҳои СССР, Институти умумииттифоқии растанипарварии ба нами Н. И. Вавилов ва дар РСС …

Муфассал »