Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФИТОПАТОЛОГИЯ

ФИТОПАТОЛОГИЯ

ФИТОПАТОЛОГИЯ (аз фито… ва патология), илмест оид ба касалиҳои растанӣ, воситаву усулҳои пешгири ва бартараф кардани онҳо. Дар миёнаҳои асри 20 фитопотология ҳамчун илми комплексие, ки аз соҳаҳои мустақил — фитомидология (илмест оид ба касалиҳои занбӯруғии растанӣ), фитовирусология (нигаред Касалиҳои вирусии растанӣ), фитонематодология (илмест оид ба бактериозҳо ва касалиҳои нематодии растанӣ), эпифитотиология (илмест оид ба сабабҳо ва қонуниятҳои хуруҷи касалиҳо), фитоиммунология, фитотоксикология ва ғайра иборат аст, шакл гирифт.
Ташаккули фитопотология дар Тоҷикистон бо инкишофи биология ва микология алоқаманд аст. Солҳои 1892—93 В. Л. Комаров набототи кӯҳистони Зарафшонро омӯхта, 106 намуди занбӯруғи фитопатогениро ҷамъ оварда буд. Минбаъд микрофлораи олами набототи Тоҷикистонро проф. Н. Г. Запрометов, П. Н. Головин ва Р. Ф. Купрович омӯхтанд. Маълумоти ба даст омада барои муқаррар намудани занбӯрурҳои фитопатогенӣ, ки ба киштзори зироати хоҷагии қишлоқ зарари калол мерасониданд, имкон дод. Маълумоти нахустин оид ба тадқиқоти фитопатогенӣ аввали асри 20 (ба сабаби дар Осиёи Миёна, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, паҳн шудани касалии пахта — вилти вергисиллёз) пайдо шуданд. Соли 1916 мақолаи профессор Н. Г. Запрометов оид ба касалиҳои пахтаи округи Туркистон ба табъ расид. Мивбаъд ӯ оид ба паҳншавию зараррасонии вилти пахта ва биологияи ангезандаи он тадқиқот бурд. Соли 1928 дар назди Шуъбаи ҳифзи растании Комиссариати халқии зироати СССР лабораторияи микология (бо роҳбарии проф. А. А. Ячевский) ба омӯзиши касалиҳои пахтаи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистоя ва Закавказия, сар кард. Соли 1927 дар ҳаволии Душанбе стансияи давлатии таҷрибавии селексионии Тоҷикистон таъсис ёфт. Соли 1937 фитопатолог М. А. Ананева дар стансияи мазкур навъҳои зироати хоҷагии қишлоқ (гандум, ҷав, арзан, нахӯд, наск, зағир, кунҷид, маҳсар, ҷуворӣ, юнучқа ва ғайра)-ро омӯхта, як қатор касалиҳои ин растаниҳоро, ки дар Тоҷикистон маълум набуданд, ошкор сохт; исбот намуд, ки навъҳои маҳаллии зироати ғалладона назар ба навъҳои ба шароити маҳал мутобиқ нисбатан кам касал мешаванд.
Солҳои 30 институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии ҳифзи растанӣ бо мақсади ошкор сохтани касалиҳои зироати асосии хоҷагии қишлоқ, тадқиқи биологияи ангезандаи касалиҳо ва санҷиши тадбирҳои гуногуни муборизаи зидди онҳр дар Тоҷикистон шабакаи пунктҳои такягоҳӣ барпо кард. Яке аз ин пунктҳо дар шимоли Тоҷикистон сиёҳмушки пояи гандумро ошкор сохт. Маълум шуд, ки дар шароити республика ба гандум бештар сиёҳмушки сахт ва ба пахта асосан вилт зарар мерасонад. Ҳамон солҳо дар водии Ҳисор (дар қарибии Душанбе) Институти тадқиқоти илми хоҷагии меваю сабзавот ва токпарварии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Солҳои 1938—40 дар республика вилти фузариозӣ ба пахтаи навъи маҳиннах зарари калон расонд. Дар Стаансияи минтақавии таҷрибавии пахтаи дар Вахш будаи Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии пахтакорӣ (ҳоло филиали дар Вахш будаи Институти тадқиқоти илмии зироати Тоҷикистон) бо роҳбарии академик В. П. Красичков якчанд навъи пахтаи маҳиннахи ба вилти фузариозӣ тобовар рӯёниданд. Соли 1941 дар раёни Ленинобод (ҳозира раёни Хуҷанд) бо мақсади тобоварии ҳамаи навъҳои пахтаи маҳиннахро ба вилти фузариозӣ санҷидан, пункти махсуси навъсанҷии пахта таъсис дода шуд. Соли 1954 Н. Т. Кузнесова тадқиқи касалиҳои ғӯза ва нахи пахтаи Осиёи Мюёна, аз ҷумла водиҳои Вахшу Ҳисорро ба охир расонд. Дар Институти ботаникаи Академияи Фанҳои Тоҷикистон (бо роҳбарии Я. Н. Корбонокая) аз соли 1947 ин ҷониб флора, систематика, экологияи микро ва макромисетҳоро меомӯзанд; 2000 хелу намуд (аз ҷумла 10 намуди нав)-и занбӯруғҳои Помиру Олойро муайян кардаанд. Маълум шуд, ки ба растаниҳои хушадор, сабзавот, дарахтони мевадору ҷангалии баландкӯҳ ҳам занбуруғҳои фитопатогении дар водиҳои республика мавҷуда зарар мерасонанд.
Я. И. Корбонская тадқиқоти оид ба олами наботот, систематика ва экологияи занбуруғҳои зангаиро ҷамъбаст карда, монографияи «Занбӯруғҳои зангаи Тоҷикистон» (русӣ; Сталинобод, 1954)-ро навишт, ки дар он оид ба 158 намуди занбуруғи занга маълумот ҳаст. Асари дигари ӯ «Феҳристи занбӯруғҳои зангаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Ҷанубӣ» 7русӣ; Душанбе, 1969) дар омӯзиши занбуруғҳои занга ва касалиҳои растаниҳо саҳми калон дорад.
Соли 1956 Иститути тадқиқоти илмии зироати Тоҷикистои таъсис ёфт. Ходимони илмии шӯъбаи ҳифзи растании институт оид ба касалиҳои микроопориози пахта, ки солҳои 50 махсусан ба пахтазори водиҳои Ҳисору Вахш зарар мерасонд, тадқиқот бурданд ва тадбирҳои муборизаи зидди ин касалиро дарефта, тавсияҳои мувофиқ пешниҳод карданд.
Солҳои 1957—62 М, Я. Менликиев дар Стансияи минтақавии таҷрибавии хоҷагии қишлоқи дар Вахш будаи Институтти тадқиқоти илмии зироати Тоҷикистон дараҷаи ба вилти фузариозӣ тобоварии навъу дурагаҳои пахтаи маҳиннахро санҷид ва оид ба роҳҳои барҳам додани ин касалӣ дар шароити Водии Вахш таҷриба гӯзаронд. Олимони шӯъбаи ҳифзи растании Институти тадқиқоти илмии зироати Тоҷикистон минбаъд оид ба биологияи занбӯруғҳо, таъсири омилҳои муҳит ба инкишофи касалиангезҳо, давомоти давраи инкубасионии касалӣ дар шароити гуногуни экологӣ, зери таъсири омилҳои экологӣ тағйир ёфтани ангезаидаи касалии вилт, ба касалӣ тобоварии навъу дурагаҳои пахта, сабаби пажмурдагии гулу меваи дарахти соб, биоокологияи ангезандаи антракноз ва ҷел. (оидиум), ангезандаи вилти вертисиллёзи растаниҳои ситрусӣ (лиму) ва ғайра тадқиқот бурданд.
Олимони Институтти тадқиқогги илмии боғу тоқдории Тоҷикистон ба муқобили иллати мева ва хушк шудани дарахтони мевадори водии Фарғона тадбирҳои агротехликӣ андешиданд. Дар Лабораторияи генетикаи иммунитети пахтаи назди Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон омӯзиши вилти вертисиллёзи пахта хеле вусъат ёфт. Ходимони лаборатория навъҳои занбӯруғи ҷинси вертисилиумро, ки дар ин митақаҳои пахтакорӣ мерӯянд, муқаррар карданд. Бори аввал дар СССР коллексияи занбӯруғҳои ҷинси вертисилиумро (беш аз 2000 штам) ҷамъ оварданд. Ҳоло тадқиқоти фитопатологӣ масъалаҳои зиёдеро дар бар мегирад: систематика, филогения ва экологияи занбӯруғҳои фитопатогенӣ; селексия ва генетика, такомули тадбирҳои ҳифзи зироати асосии хоҷагии қишлоқ аз касалиҳои занбӯруғию бактериявӣ (вилти вертисиллёз ва фузариоз, сиёҳтосаки реша, макроспориозу гомози пахта, сиёҳмуғ, гардзании зироати хушадор), пажмурдагии дарахтони мевадору растаниҳои ситрусӣ ва ғайра.
Оид ба фитопотология дар Институтти тадқиқоти илмии зироат, кафедраи ҳифзи растании Институти хоҷагии қишлоқ, Институти экология ва паразитологияи Академияи Фанҳо, Институти ботаника ва Шӯъбаи генетикаи умумии пахтаи Академияи Фанҳо ва Институти хокшиносии Комитети давлатии агросаноатии РСС Тоҷикистон тадқиқот мебаранд.
Адабиёт: Пересыпкин В. Ф.. Сельско- хозяйственная фитопатология, М. 1974; Менликкев М. Я., Фузариоэное увяданиё хлопчатника, Душанбе,1976; Основы интегрированной защиты хлопчатника от вредителей и болезней в Средней Азии, Душанбе, 1976; Фитопатология, Л., 1990; Касьяненко А. Г., Корбонскал Я. И., Итоги развития микологии и фитопатологии в Таджикской ССР. «Микология и фитопатология». 1982, № 6; Обзоры развития и распространения вродителей и болезней сельскохозяйственных култур в Таджикистане и прогнозы их появления. МСХ Таджикской ССР (ҳар сол нашр мегардад). М. Я. Менликиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …