Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФУНТ

funt

ФУНТ, воҳиди пули РМА (фунти мисри = 100 пиастр = 1000 мильем), Исроил (фунти исроилӣ =100 агор), Ирландия (фунти ирландӣ =100 пенс), Лубнон, Сурия (фунти лубнонию суриягӣ=100 пиастр), инчунин Кипр, Судон, Малта, Гибралтар ва баъзе мамлакатҳои дитар. Қурби фунтро нисбат ба сӯми советӣ Банки давлатии СССР ҳамеша эълон мекунад.

Муфассал »

ФУНКЦИЯҲОИ ЭЛЕМЕНТАРӢ

ФУНКЦИЯҲОИ ЭЛЕМЕНТАРӢ, синфи функсияҳоеанд иборат аз бисёрузваҳо, функсияи расионалӣ, функсияи нишондиҳандагӣ, функсияи логарифмӣ, функцияҳои тригонометрӣ ва функсияҳои тригонометрии баръакс, инчунин функсияҳое, ки бо ёрии чор амали арифметикӣ ва суперпозисияи функсияҳои дар боло зикршуда ҳосил мешаванд.

Муфассал »

ФУНКСИЯҲОИ ХОС

ФУНКСИЯҲОИ ХОС, як мафҳуми таҳлили математикиро гӯянд, ки дар мавриди ҷустуҷӯи ҳалли айниятан ба сифр нобаробари муодилаҳои дифференсионалии хаттии ин ё он шартҳои канории якҷинсаро қонеъгардонаида ба вуҷуд меояд.

Муфассал »

ФУНКСИЯҲОИ ТРИГОНОМЕТРӢ

ФУНКСИЯҲОИ ТРИГОНОМЕТРӢ, функсияҳои кунҷ—синус (sin), косинус (соs), тангенс (tg), котангенс (сtg), соканс (sес) ва косеканс (соsес)-ро гӯянд. Функсияҳои тригонометриро ҳамчун нисбатҳои дарозни (г) радиусвектори бо самти мусбатн меҳвари Ох кунҷи а-ро ташкилдиҳанда ва провасияҳои ҳамин радиусвектор ба меҳварҳои коордииатаҳо (а ва b) муайлн кардан мумкин.

Муфассал »

ФУНКСИЯҲОИ ТРИГОНОМЕТРИИ БАРЪАКС

ФУНКСИЯҲОИ ТРИГОНОМЕТРИИ БАРЪАКС, номи умумии функсияҳои арксинус, арккосинус, арктангенс, арккотангенс, арксеканс, арккосеканс, ки ҳар кадом бузургии камоне (кунҷе)-ро ифода мекунад, ки ба қимати додашудаи аргументи функсияи тригонометрӣ мувофиқ меояд. Масалан, арксинус (ишораташ: аrcsin х) камонеро ифода мекунад, ки синусаш ба х баробар аст. Графикҳои чор функсияи аввал дар тасвир оварда …

Муфассал »