Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«ФУТУВВАТНОМА»

«ФУТУВВАТНОМА» асари манзуми шоири асри 12 Аттор, ки ба оини ҷавонмардӣ (футувват) оид аст. Аз 82 байт иборат буда, дар баҳри ҳазаҷ навишта шудааст. Шоир дар «Футувватнома» фикру андешаҳои худро оид ба оини ҷавонмардй ҷамъбаст намудааст. Аттор дар оғоз ба мардум муроҷиат карда, онҳоро ба риояи оини ҷавонмардӣ даъват менамояд. …

Муфассал »

ФУТБОЛ

futbol

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки дар он бозии командаҳои спортӣ (дар ҳар як команда 11 нафар бозингар) дар майдони махсуси (100—110 м 64—75 м) аз ду тарафаш дарвозадор сурат мегирад. Мақсади бозӣ бо пой ва дигар узвҳои бадан (ба ғайр …

Муфассал »

ФУТУВВАТ

ФУТУВВАТ (арабӣ — ҷавонмар, дӣ, сахо, карам), як ҷараёни иҷтимоию сиёсӣ, ахлоқию динӣ ва идеологию фалсафист, ки манфиатҳои синфии табақаҳои гуногуни ҳунармандонро ифода мекард. Дар даврап аввали феодализм ба вуҷуд омада, аз таълимоти монавия ва маздакия ғизои маънавӣ гирифтааст. Асрҳои 4—6 давраи тараққии шаҳрҳо ва дар ҳаёти ҷамъиятии Шарқи Миёна …

Муфассал »

«ФУСУЛИ БУҚРОТ»

«ФУСУЛИ БУҚРОТ» (лотинӣ Согрus Hipposraticum), номи маҷмӯи асарҳои тиббие, ки донишҳои назарӣ ва амалии мактабҳои тиббии Кос, Кинд ва Кротонро дар бар мегиранд. Бино ба ақидаи аксар муҳаққиқон «Фусули Буқрот» ҳанӯз асри 3 то мелод маълум буд. Асарҳои «м» «Оид ба парҳез ва бемориҳои шадид», «Ҳикматҳо», «Оид ба ҳаво, об, …

Муфассал »

ФУРӮҒӢ Мирзо Аббоси Басгомӣ

ФУРӮҒӢ Мирзо Аббоси Басгомӣ (1798, Бастом—1857), шоири эронӣ. Дар шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад ва Кирмон зистааст. Фуруғӣ шоири ғазалсарост. «Мискин» тахаллус дошта, дар пайравии Саъдӣ ва Ҳофиз ғазалҳои ошиқона сурудааст. Солҳои охири ҳаёташ ба ашъору осори орифони номӣ Боязиди Бастомӣ ва Мансури Ҳаллоҷ рӯ овард ва ғазалиёташ бештар мазмуни ирфонӣ гирифтанд. …

Муфассал »