Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФУТУРОЛОГИЯ

future

ФУТУРОЛОГИЯ (аз лотинӣ futurum — оянда ва …логия), дар маънои васеаш — маҷмӯи тасаввурот дар бораи ояндаи Замин ва инсоният, дар маънои махдудаш — соҳаи донишҳои илмӣ, ки пешомади инкишофи ҳодисаҳои иҷтимоиро меомӯзад. Футурологияро ба маънои пешбинӣ ва пешгӯӣ низ истифода мебаранд. Истилоҳи «Футурология» дар илми советӣ барои ифодаи таълимотҳои …

Муфассал »

ФУТУҲИИ МАРВАЗӢ Асируддини Шарафулудабо

ФУТУҲИИ МАРВАЗӢ Асируддини Шарафулудабо (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш — Марв гирифта, дар қамон ҷо илмҳои замонашро аз худ карда, камол ёфтааст. Футуҳии Марвазӣ соҳибдевон будааст, вале девони ӯ то замони мо нарасидааст. Дар эҷодиёти . Футуҳии Марвазӣ ғазалу қитъа мавқеи асосӣ …

Муфассал »

ФУТУРИЗМ

ФУТУРИЗМ (аз лотинӣ futurum — пешомад, оянда), ҷараёни адабии авангардиест (нигаред Авангардизм), ки солҳои 10—20 асри 20 дар Италия ва Россия пайдо шудааст. Сарвар ва назариётчии футуризм дар Италия Ф. Т. Маринетти — муаллифи «Манифести футуризм» (1909) буд. Дар ин манифест идеологияи буржуазӣ, ақоиди зиддиинсонӣ ва ҷангҷӯӣ талқин шудаанд. Дар …

Муфассал »

«ФУТУВВАТНОМАИ СУЛТОНӢ»

«ФУТУВВАТНОМАИ СУЛТОНӢ» як асари бузурги панду ахлоқии Ҳусайн Воизи Кошифист. Дар он бештар сифатҳои наҷиби пайравони футувват васф шудаанд. Муаллиф тамоми футуввватномаҳои пешинро баррасӣ намуда, асари нисбатан мукаммале дар ин боб офаридааст. Асар аз муқаддимаю дувоздаҳ боб иборат буца, масъалаҳои умдаи оини ҷавонмардӣ, аз қабили муносибати устодию шогирдӣ, дӯст доштани …

Муфассал »

«ФУТУВВАТНОМА»

«ФУТУВВАТНОМА» асари шоири намоёни асри 12 Мавлоно Носируддини Сивосӣ мулаққаб ба Носирист, ки соли 1290 таълиф шудааст. Масъалаҳои рафтору гуфтор, хулқу атвор ва тартибу низоми пайравони футувватро шарҳ медиҳад. «Футувватнома» баъди «Футувватнома»-и Аттор яке аз мукаммалтарин манзумаҳост. Носирӣ асарашро дар пайравли орифони бузург Ҷунайди Бағдодӣ, Абӯбакри Варроқ, Ибни Ҳорис ва …

Муфассал »