ФУТУҲИИ МАРВАЗӢ Асируддини Шарафулудабо (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш — Марв гирифта, дар қамон ҷо илмҳои замонашро аз худ карда, камол ёфтааст. Футуҳии Марвазӣ соҳибдевон будааст, вале девони ӯ то замони мо нарасидааст. Дар эҷодиёти . Футуҳии Марвазӣ ғазалу қитъа мавқеи асосӣ доранд. Дар ғазалиёташ зебоиҳои табиат ва фикру эҳсосоти меҳрпарвари қаҳрамони лирикиро бо сабки хуросони — соддаю равон ифода кардааст. Муқатаоти у бештар оҳанги иҷтимоию танқидӣ доранд. Шоир тарафдори адлу дод, муруввату ҳиммат, некию хуби буда, зулму бедодӣ, беадолатию риёкорӣ ва ахлоқи замимаро танқид кардааст. . Футуҳии Марвазӣ дар иншои наср низ даст доштааст, вале аз осори мансураш намунае то ба мо нарасидааст. А. Абдуллоев.